Сарояндагони маҳбуб - ситораҳои эстрадаи Ӯзбекистону Тоҷикистон Юлдуз Усмонова ва Шабнами Сурайё ҳамроҳ сурудеро бо номи “Таролла Далли” иҷро ва сабт карданд. Дар ин бора Шабнами Сурайё дар Instagram хабар додааст.

“Ин деринтизортарин дуэти мо бо Примадоннаи санъати эстрадаи ӯзбек мӯҳтарама Юлдуз Усмонова мебошад. Барои ман боиси фахр ва хушнудист, ки бо чунин шахсияти зебову эҷодкор суруд сароидам. Худо кунад, ки чунин лоиҳаҳо дар оянда зиёд шаванд”,-навиштааст Шабнами Сурайё.

Тарона дар канали овозхони тоҷик дар шабакаи YouTube нашр гардида, лекин клипи он алҳол наворбардорӣ нашудааст. Давоми 4 рӯз таронаро қариб 500 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Қисмате аз таронаро Юлдуз Усмонова бо забони ӯзбекӣ ва қисмати дигарро Шабнами Сурайё бо забони тоҷикӣ месароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.