“Ба туфайли” нишасти навбатии панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки рӯзҳои 14-15 июн дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт шурӯъ аз пагоҳ се рӯз пайдарпай истироҳат мекунанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалии Азизӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин қарор бо он сабаб қабул шудааст, ки дар рӯзҳои баргузории нишаст равуо ва ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе душвор мешавад.

“Бо қарори вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ба ҷуз дарсҳо дар мактабу литсей ва мактабҳои олии пойтахт, ҳамчунин машғулиятҳои иловагӣ ва имтиҳонҳои дар рӯзи шанбе ва якшанбе таъиншуда низ бекор шуданд”, - қайд кард Азизӣ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор намуд, ки ҳамаи кӯдакистонҳои пойтахт дар рӯзҳои баргузории нишаст “уҳдадоранд, ки бо реҷаи муқаррарӣ кор кунанд, зеро волидони кӯдакон аз кор озод карда нашудаанд”.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи “Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон барои соли хониши 2018-2019”, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 сентябр то 14 июн (барои синфи 1-ум - то 7 июн) таҳсил мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.