Чанде қабл, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) сафари омӯзиширо барои мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади шинос намудани иштирокчиён бо таҷриба ва сабақҳои омӯхташуда оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил намуд.

Давоми ин сафар иштирокчиён тавонистанд бобати масъалаи мазкур тавассути интиқоли дониш ва малака маълумот ҷамъ намуда, мубодилаи афкор намоянд. Чорабинии мазкур як қисмати лоиҳаи ФАО ба шумор рафта, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Сафари омӯзишии мазкур ҷиҳати пайдо намудани маълумоти муфассал ва дарёфт намудани фаҳмиши ҷуқури таҷрибаи чандинсолаи раванди ислоҳоти вазорат ва соҳаи кишоварзӣ дар кишвари ҳамсоя барои 12 нафар намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва дигар муассисаҳои марбута мусоидат намуд.

Роҳбари ҳайат, Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, муваффақиятҳои назарраси соҳаи аграрии Қирғизистонро, ки дар рафти чорабиниҳо ва маъракаҳои намоишӣ, ки дар сатҳи баланд аз тарафи кишвари қабулкунанда баргузор карда шуданд, баланд баҳогузорӣ намуданд. Саидова инчунин таъкид кард, ки мушкилоти марбут ба раванди ислоҳоти соҳавӣ ба якдигар хеле монанд ҳастанд.

"Қирғизистон бо сабаби доштани таҷрибаи тоза дар ислоҳот ва модернизатсияи соҳаи кишоварзӣ ҳамчун макони сафари омӯзишии мазкур интихоб карда шуд", - гуфт корманди ФАО, Қуватбек Бапаев. - Сафарҳои омӯзишӣ механизми беҳтарини мубодилаи дониш ва малака миёни кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва интиқоли таҷрибаҳои санҷидашуда барои манфиати дигарон мебошанд,” илова намуд Бапаев. Мо умедворем, ки ин таҷриба раванди ислоҳоти ҷориро, ки дар бахши кишоварзии Тоҷикистон татбиқ мешавад, суръат мебахшад.”

Намояндагони Тоҷикистон ба қарорҳои қабулшуда, чораҳои андешидашуда ва тадбирҳои алоқаманд ба бахши кишоварзӣ дар Қирғизистон аҳамияти ҷиддӣ доданд.

Дар рафти ташриф ҳайат бо як қатор намояндагони ҷонибҳои калидии ҳавасманд, аз ҷумла Вазорати кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва мелиоратсия, хадамоти давлатии амнияти озуқаворӣ ва фитосанитарӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони чарогоҳҳои Қирғизистон ва дигарон мулоқот барпо намуданд.

Аъзоёни гурӯҳ, ҳамчунин ба лабораторияи ветеринарӣ ва нуқтаи назорати сарҳадӣ, чарогоҳҳо ва кооперативҳо дар вилояти Чуйи Қирғизистон ташриф оварданд.

Инчунин вохӯриҳо бо роҳбарони раёсатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳо, ки дар таъмини хизматрасонии кишоварзӣ, махсусан дар соҳаи паҳнкунии иттилоот нақши калидӣ доранд, ташкил карда шуданд.

"Ба ман усули ҳамкорони қирғизӣ ҷиҳати тағйир додани сохтори ташкилии Вазорати кишоварзӣ ва идораҳои он, ҳалли масъалаҳои марбут ба моликияти хусусии замин ва рушди бозори замин писанд омад," - гуфт Фаррухиддин Набиев, сардори раёсатирастанипарварии Вазорати кишоварзӣ.

Ба мутахассисони тоҷик, инчунин, таҷрибаи пешрафти рушди чарогоҳҳо ва дастрасии хадамоти байторӣ писанд омад.

“Ман фикр мекунам, ки истифодаи усулҳои идоракунии самараноки чарогоҳҳоро дар кишвари мо истифода кардан имкон дорад,” гуфт Салим Салимов, сармутахассиси раёсати чорвопарварӣ Вазорати кишоварзӣ.

Ҳайати Тоҷикистонро намояндагони Дастгоҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни гурӯҳи кории техникии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчуниннамояндагони Котибот оид ба ислоҳоти кишоварзӣ дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуданд.

ФАО ва Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ ба Вазорати кишоварзӣ оид ба такмили иқтидор ва донишу малакаҳои мутахассисони вазорат ва идораҳои зертобеъи он барои банақшагирӣ ва таҳлили стратегӣ, барномарезӣ ва ҳамоҳангӣ бо донорҳо ва дигарҳо кӯмаки худро идома хоҳад дод.