Ду духтари мактабхон аз шаҳри Дубнаи вилояти Маскав як тоҷикистониро аз ғарқшавӣ дар наҳри ба номи Маскав наҷот доданд, менависад АИ Фергана.

Духтарони 14-сола Екатерина Кукова ва Екатерина Василчук дар теппаи назди наҳр нишаста, фарёдеро мешунаванд, ки “мард ғарқ мешавад”. Кукова борхалтаашро партофта, бо сарулибосаш худро ба об мепартояд.

“Тақрибан 4 метр дуртар аз соҳил, ки мард ғарқ мешуд, аллакай ҷуқур буд, пойҳоям ба замини зери об намерасид. Наздиктар шино карда, дидам, ки марди калонсол буда, тарсидам, ки барои аз об берун оварданаш зӯрам намерасад”, - гуфтааст духтар.

Бино ба гуфтаи Кукова, ӯ сари мардро рӯи об бароварда, каме ба соҳил наздиктар меорад. Ин дам духтари дигар дигаронро ба кумак даъват мекунад. Ба даъвати ӯ корманди пулиси дар наздикиҳо қарордошта ҳозир шуда, барои ба соҳил кашидани мард ва ёрии аввал ба ӯ кумак мекунад.

Баъди чанде мард ба худ меояд. Маълум мешавад, ки ӯ шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон буда, бо ҳамдиёронаш шарт кардааст, ки наҳрро шино карда ба тарафи дигари соҳил мегузарад, лекин ин ба ӯ муяссар намешавад.

Ояндаи наздик дар мақомоти маҳаллии шаҳрдорӣ духтаронро барои ин амалашон қадрдонӣ карданианд. “Духтарон қаҳрамонони ҳақиқианд. Ба ҳарос наафтода, ҷасурона ва фидокорона ба шахси ношинос кумаки худро дареғ надоштанд. Аз ҷавонони Дубна ифтихор дорам”, - гуфтааст раиси ҳавзаи шаҳрӣ Максим Данилов.

 


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.