Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба корҳои нашри роҳаномаи нави “Салом” барои сайёҳон оғоз мекунад. Роҳнамо-маълумотнома барои касоне пешбинӣ шудааст, ки ба сифати меҳмону сайёҳ ё барои кору истироҳат ба Душанбе меоянд. Маълумоти нашрия ҳамчунин барои шаҳрвандони кишвар, ки Тоҷикистонро бештару хубтар донистан мехоҳанд, низ муфид хоҳад буд.

Мо ширкатҳои сайёҳӣ, ки сайру саёҳатро дар ҷумҳурӣ пешниҳод мекунанд, тарабхонаву қаҳвахона, меҳмонхона ва хостелҳо, минтақаҳои истироҳату осоишгоҳ, мағозаҳои туҳфаҳо ва марказҳои ҳунармандии анъанавиро ба шарикиву ҳамкорӣ даъват мекунем.

Дар роҳнамо дар бораи иншооти дар боло зикршуда ва ҳамчунин дигар иншооту зербинои сайёҳии мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва тоҷикистониён, ки барои истироҳату тамошо ба кишвари мо меоянд, маълумоти мухтасар дода мешавад.

Дар роҳнамо сайёҳон ҳамчунин дар бораи макони тамошобобу диданӣ, мавзеъҳои истироҳату фароғат ва ғайра маълумоти муфиду зарурӣ дарёфт карда метавонанд.

Роҳнамои “Салом” бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба чоп мерасад. Ҳамаи маълумот аз он бо шумули саҳифаҳои шарикон дар сомонаи news.tj дар лоиҳаи махсуси онлайн нашр мешавад.

Роҳнамо бо муқоваи қавӣ бепул дар ҳамаи фурудгоҳу меҳмонхона ва гузаргоҳҳи сарҳадӣ паҳн карда мешавад.

Дархостҳоро барои иштирок дар лоиҳа бо суроғаи электронии [email protected] фиристодан мумкин аст. Тефлефонҳо барои дарёфти маълумоти муфассал: +992 44 600 71 10; 44 600 71 12. Дархостҳо то 15 июл қабул мешаванд.

Роҳнамои “Салом” пешниҳоди муфид барои касонест, ки ба меҳмонони кишвар дар бораи худ ва ватанашон бештар маълумот доданианд.

Худи ҳозир ба мо занг занед!  

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.