Ансамбли Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Ваҳдат 30-солагиашро ҷашн гирифта, тӯли ин муддат беш аз 20 нафар мусиқачиёну сарояндагони нобино табъи тамошобинонро болида гардонида, шахсан худи онҳо низ аз касбу ҳунари худ қаноатманданд.

Ба ҷуз машғулияти эҷодӣ аксари онҳо дар коргоҳҳои истеҳсолии Ҷамъият машғули кор буда, дар як моҳ 700 сомонӣ пул кор мекунанд.

Аз эҷодиёту кори онҳо дар гузориши видеоии мо маълумоти бештар пайдо мекунед.

Ягона ансамбли Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон бо кумаки Фонди Сорос соли 2016 бо мақсади ҷалби нобиноёни кишвар ба мусиқӣ фестивали бузурги мусиқии “Чашми дил”-ро баргузор намуд.

“Ба туфайли ин чорабинӣ бисёре аз наврасону кӯдакони нобино ё дорои нуқси чашмон, ки то ин дам танҳо буда, аз ҷамъият худро канор мегирифтанд, ба мактабҳои мусиқӣ ҷалб шуданд. Мо бисёр истеъдодҳоро рӯи саҳна овардем”, - қайд мекунанд дар филиали Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар Ваҳдат.

Ҳамчунин Институти “Ҷамъияти кушода - Бунёди Сорос ба онҳо дар дастрас намудани панҷ асбоби нави мусиқӣ кумак намуд, ки ба туфайли истифодаи пурсамари он гурӯҳи мусиқачиёну сарояндагони нобино дар чандин консерту фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.