Дар Тоҷикистон маъракаи имтиҳоноти дохилшавӣ ҷараён дорад. Имсол мактабро беш аз 120 ҳазор нафар хатм карда, 102 ҳазор нафари онҳо, яъне қариб ҳамаашон таҳсилро идома доданианд. Лекин дар макотиби оливу коллеҷҳо ҳамагӣ 70 ҳазор ҷойи таҳсил вуҷуд дорад. Кӯшиши зиёд мебояд ба харҷ дод.

Замира Абдусаломзода, сармутахассиси дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ мегӯяд, ихтисосҳо ба панҷ кластер - гурӯҳи касбу ихтисосҳо тақсим шуда, кластери аввал - “Илмҳои табиӣ ва техникӣ ва кластери дуюм - “Иқтисод ва ҷуғрофия” мебошад.

“Имсол дар интихоби касбҳо аз ҷониби довталабон каме тағйирот ба мушоҳида расида, агар солҳои пешин бештар кластери аввалро интихоб мекарданд, пас имсол баръакс аст”, - изҳор намуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки кластери панҷум - “Тиб, биология ва варзиш” писандидатарини кластери довталабон боқӣ мондааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.