Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода,  сел роҳу пулро дар ноҳияи Сангвор хароб карда, ба манзилҳои зисти сокинон низ осеб расонид.

“Комиссия зери раҳбарии муовини аввали КҲФ Рустами Шоҳиён айни замон дар ин ноҳия қарор дошта, вазъро дар маҳал таҳти назорат гирифт. Ба ҷойи ҳодиса техникаи зарурӣ сафарбар шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, то ҳол дақиқан маълум нест, ки аз ин офати табиӣ чӣ миқдор қитъаҳои замин зарар дида, ба молу амволи мардум чӣ гуна осеб расидааст.

“Аз ҳама муҳимаш, байни аҳолӣ талафоти ҷонӣ нест, - қайд кард ӯ. - Чорвои сокинони мазҳллӣ низ осеб надидааст”.

Радиои Озодӣ навори видеоеро нашр кардааст, ки дар он сел пулро хароб мекунад.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти обуҳавошиносон, давоми рӯзҳои 11-18 июл ҳарорати ҳаво дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои миёнаи солона 5-7 дараҷа боло рафта,  рӯзона то 40-42 дараҷа ва дар минтақаи биёбон то 43-45 дараҷа гарм мешавад.

Дар робита ба болоравии ҳарорат, дар минтақаҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ эҳтимоли босуръат яхшавии пиряхҳо вуҷуд дорад, ки ба омадани селҳо боис шуда метавонад.

Дар ин давра дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва шохаҳои онҳо аз босуръат болоравии сатҳи об ва имкони шусташавии соҳилҳо интизорӣ меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.