Шаби гузашта ҳамкори мо, собиқ хабарнигори “Азия-Плюс”, журналисти маъруфи тоҷик Турко Дикаев дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба гуфтаи наздикони марҳум, се рӯзи охир ӯ аз дарди дил ранҷу азият кашида, бистарӣ будааст.

Муддати тӯлонӣ ӯ ба ҳайси хабарнигор дар нашрияҳои гуногуни минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла дар "Азия-Плюс” низ фаъолият дошт. Баъди ба нафақа баромадан ба кори суратгирӣ ва журналистикаи озод машғул шуд.

Ба қавли ҳамкорони рӯзноманигор, саҳми Турко Дикаев дар тарбияи насли нави журналистони минтақаи Кӯлоб хеле арзанда буда, бисёре аз шогирдони ӯ имрӯз дар расонаҳои бузургу маъруфи ҷумҳурӣ кор мекунанд.

Ҳамкорон ва шогирдони Дикаев бахусус воқеъбинӣ ва поквиҷдонии журналистро қайд мекунанд.

Сари забони ӯ ҳамеша чунин гуфтаҳо давр мезад: “Журналист дӯст надорад ва ин андешаи шахсии ман нест. Ҳаёт водор месозад, ки бо ҳама фосилае доштан зарур аст. Вагарна ҳусни таваҷҷуҳ ба инъикоси ғайривоқеӣ оварда мерасонад”.

Соли 2015 Турко Дикаев аз ҷониби САҲА журналисти беҳтари сол дониста шуд. Чандин маротиба журналисти соли шаҳри Кӯлоб эътироф гардидааст.

“Вақте дар ҳама рӯйдодҳои бо ташаббуси ҳукумат ташкилшуда ё дар ҳаводиси гуногун ҳузур дорӣ, хоҳ нохоҳ дар бораи фаврият ва ҳама ҷо ҳозир будани журналист таассуроте ҳосил мешавад, - мегуфт ӯ. - Танҳо хабарнавис метавонад ҳатто бо “қаҳрамони интернет” - роҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров, ки барои ВАО дастнорас аст, осонакак вохӯрӣ барпо намояд”.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба пайвандону наздикони марҳум тассалияти амиқ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.