Рӯзи 16 июл дар шаҳри Кӯлоб маросими ҷанозаи журналист Турко Дикаев баргузор шуда, ҷасади ӯ дар қабристони нави маҳаллаи Гулбоғ ба хок супурда шуд.

Собиқ муҳаррири газетаи “Кулябская правда” Рустам Одинаев бо ёдоварӣ аз кору зиндагии марҳум изҳор намуд, ки “имрӯз мо яке аз беҳтарин журналистони Тоҷикистонро ба роҳи охират гусел мекунем”.

Бино ба гуфтаи ӯ, Турко Дикаев аз соли 1976 фаъолияташро дар рӯзномаи “Кулябская правда” оғоз намуда, солҳои тӯлонӣ дар ин нашрия кор кардааст.

“Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мо ҳамроҳ бо Турко нашри газетаро қатъ накарда будем, - ба хотир меорад Одинаев. - Аввали солҳои 2000-ум ӯ ба кор ба нашрияи “Азия-Плюс” даъват шуда, сипас боз ба ҷойи кори пешина баргашт. Ӯ ҳамеша дар хотири мо боқӣ мемонад”.

Зафар Муродов, ҳамкор ва шогирди Турко қайд кард, ки ӯ таҷрибаву дониши худро дар журналистика ба насли нав омӯзонида, мудом кӯшиш мекард, ки ба ҳама кумак кунад.


“Ба туфайли таҷрибаву ҷасорати рӯзноманигории ӯ мардуми оддӣ мушкилоти худро ҳал мекарданд. Ҳаёти Турко беҳуда сипарӣ нашудааст. Имрӯз бисёр одамон ба маросими дафни ӯ омадаанд, то ки эҳтироми худро ба ин рӯзноманигори далеру мушфиқ баён кунанд”, - иброз дошт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.