Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии мақомоти шаҳрдорӣ бо сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили  роҳандозии ҳамкориҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштараки барои ҳарду ҷониб муфид, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, технологияи ҳозиразамон, саноати сабук ва ғайра баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самарабахш миёни пойтахтҳои ду кишвар, пешниҳод гардид, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин робита тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик санади ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расонда шавад.

Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро рӯи 16 июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея мақоми шоиста дошта, ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои нахустин сафари расмии сарвазири ин кишвар интизориҳои зиёд дорад.

Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро  дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ  бо Фонди Корея оид ба қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ ҳавасманд аст.

Зимни мулоқоти судманд доир ба ҷанбаҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, фармасевтика, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон баргузории  форумҳои тиҷоратии Тоҷикистону Корея ва Тоҷикистон-Корея-Ӯзбекистонро дар соли гузашта, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар рушду густариши муносибатҳои байнидавлатӣ хусусан дар соҳаи тиҷорату иқтисод арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки форуми навбатии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Корея тадбирҳои муштаракро дар ин самт таҳким мебахшад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.