Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни физика байни толибилмони мактабҳо бо ду медали биринҷӣ баргашт.

Медалҳои биринҷии олимпиадаро хонадагони синфи 10 ва 11-и Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В." Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов ба даст оварданд.

Боз як узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон хонадаи синфи 11-и Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Иззатулло Юсуфов бо ифтихорнома қадрдонӣ шуд.

Олимпиада рӯзҳои 7-15 июл дар шаҳри Тел-Авив (Исроил) баргузор шуд. Дар он 384 нафар толибилмон аз 78 кишвар - ғолибону ҷоизадорони олимпиадаҳои миллӣ аз фанни физика иштирок карданд.

Ҳамчунин саҳми назарраси хонандагони синфи 10-и гимназияи “Ҳотам ва П.В.” Тимур Саломатшоев ва Яҳё Шамсиев имкон дод, ки Тоҷикистон дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи 43-юмро касб намояд.


Дар Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В." қайд карданд, ки маъмулан малакаҳои начандон хуби озмоишӣ ва синнусоли хонандагони ҷумҳурӣ ба касби зинаи баландтар имкон надоданд, зеро синни миёнаи хонандагони Тоҷикистон нисбат ба аксарияти дигар дастаҳо 2 сол ва зиёда аз он хурдтар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.