Натиҷаҳои озмуни “Селфии ҷолиб”, ки санаи 21 июн - Рӯзи ҷаҳонии селфи (худро аксбардорӣ кардан) бо ташаббуси гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus ва ширкати Huawei роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Муддати 20 рӯз аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон сокинони ҷумҳурӣ суратҳои гирифтаи худро ба мо фиристоданд.

Рӯзи 12 июл дар барномаи мустақими радиои “Азия-Плюс” бо ёрии генератори рақамҳои тасодуфӣ се ғолиби озмун муайян карда шуда, санаи 16 июл ба онҳо аз ширкати Huawei ҷоизаҳояшон тақдим карда шуд.

Giftbox бо аксессуарҳо барои смартфонҳо ба Муҳаммад Аҳтамов тақдим карда шуд. Ӯ имсол магистратураи факултаи энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимиро хатм кардаааст. Дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад.


Сокини шаҳри Душанбе Робия Алимӣ, модари ду фарзанди дӯстрӯяк ба телефони Huawei P Smart соҳиб шуд.


Ва ба ҷоизаи асосӣ - телефони Huawei Р30 Lite Ӯктам Ҷӯраев, сокини шаҳри Гулистон сазовор дониста шуд. Ӯктам Ҷӯраев донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистондар шаҳри Хуҷанд аст. Барои гирифтани ҷоизаи худ ӯ ба Душанбе омад.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.