Наздики 40%-и бозори алоқаи Тоҷикистонро ширкати “Индиго Тоҷикистон” ишғол мекунад, ки хизматгузориҳояшро дар ҷумҳурӣ зери тамғаи Tcell пешниҳод мекунад.

Мавқеи афзалиятнокро дар бозори алоқаи мобилӣ айни замон чор ширкати зерин ишғол мекунанд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile собиқ Beeline), хабар медиҳад Хадамоти зиддиинҳисориии назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар бозори алоқаи мобилӣ бо стандарти GSM 900/1800ЗАО ҳиссаи ширкати “Индиго Тоҷикистон” - 39,83%, «ТТ-Мобайл» - 24,12%, «Вавилон Мобайл» - 21,64%, «Таком» - 14,42%-ро ташкил медиҳад.

Дар бозори пешниҳоди хизматрасониҳои интернети мобилӣ бошад, ҳиссаи «Индиго Тоҷикистон» - ба 37,90%, «ТТ-Мобайл» - 26,61%, «Вавилон Мобайл» - 23,20% ва ҶДММ «Таком» - ба 12,29% баробар аст.

Қобили зикр аст, ки ду сол пеш ба ҳиссаи Tcell наздики сеяки бозори алоқаи ҷумҳурӣ рост омада, ҳиссаи умумии “Мегафон” ва “Билайн” наздики 45%-ро ташкил медод. Айни замон ҳиссаи умумии ин ду ширкат дар бозор ба каме бештар аз 38% баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 июни соли 2019 оператори алоқаи мобилии ҶДММ “Таком”, ки дар қаламрави Тоҷикистон зери тамғаи Beeline хизматгузорӣ пешниҳод мекунад, ребрендинг эълом дошт: шакли фирмавӣ, ном ва логотип комилан тағйир дода шуд. Акнун ҶДММ “Таком” таҳти тамғаи молии «ZET-MOBILE» хизматгузорӣ пешниҳод мекунад.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, шумори муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон   айни замон зиёда аз 6,4 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки беш аз 4,8 млн. нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Шумори корбарони шабакаи интернет якҷоя бо интернети мобилӣ 2,9 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.