Арзиши нерӯи гармӣ барои аҳолии шаҳри Душанбе ба андозаи қариб 15% боло меравад, хабар дода шуд зимни нишасти хабарии санаи 17 июл дар Хадамоти зиддиинҳисории кишвар.

Дар Хадамот қайд карданд, ки тарифҳои нави нерӯи гармӣ барои аҳолӣ алҳол тасдиқ нашудааст, лекин таъкид доштанд, ки болоравии нарх начандон назаррас хоҳад буд.

Тарифи амалкунанда ба нерӯи гармӣ соли 2014 тасдиқ шуда, 1,03 сомониро барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил ташкил медиҳад.

“Агар тарифи нав тасдиқ шавад, арзиши нерӯи гармӣ барои аҳолӣ 1,18 сомониро ташкил хоҳад дод. Масалан, агар соли гузашта соҳибони манзилҳои чорҳуҷра барои нерӯи гармӣ дар як моҳ 53-54 сомонӣ маблағ пардохт мекарданд, баъди тасдиқи тарифҳои нав тақрибан 60 сомонӣ пардохт мекунанд, ки ин болоравии начандон назаррас аст”, - изҳор дошт сардори Раёсати танзими монополияҳои табиӣ Азиззода.

Ӯ қайд кард, ки маблағи истеҳсоли 1 Гкал нерӯи гармӣ дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ қариб ба 300 сомонӣ баробар аст, яъне нархҳо бо назардошти кумакпулиҳо ҳисоб шудааст.

“Таъмини аҳолӣ бо нерӯи гармӣ нерӯи барқро сарфа карда, сарбориро ба шабакаҳои барқ кам мекунад. Оянда тамоми қаламрави пойтахт ва ҳамчунин дигар шаҳру ноҳияҳоро бо нерӯи гармӣ таъмин кардан лозим аст. Аз ин рӯ, барои дастрас будан мо начандон зиёд нархашро боло мебардорем”, - қайд кард Икромиддин Вализода, роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта нархи нерӯи гармӣ барои Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе қариб ба андозаи 15% (аз 7,63 сомонӣ то ба 8,77 сомонӣ) боло рафта, лекин ба аҳолӣ бо арзиши пештара - 1,03 сомонӣ барои ҳар як метри мураббаъи майдони интиқоли гармии манзил фурӯхта мешуд.

Имсол бошад, арзиши нерӯи гармӣ барои муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” (ШГД) ба андозаи 93,8% боло меравад. Дар мавсими ояндаи гармидиҳӣ муассисаи ШГД ба истеҳсолкунандагони нерӯи гармӣ (Марказҳои барқу гармидиҳӣ) барои ҳар як Гкал 17 сомонӣ маблағ пардохт мекунад. Мавсими соли гузашта ин рақам барои 1 Гкал 8,77 сомониро ташкил медод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.