Дар шаш моҳи соли равон аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 693 408 кг маҳсулоти гӯштӣ  ба талаботи истеъмоли ҷавобгӯ набуда, ғайри стандартӣ дониста шудааст, иттилооъ дод Давлатзода Қудрат, директории Агентии “Тоҷикстандарт” дар нишасти хабарии Агентӣ.

Ба гуфтаи мазкур, дар озмӯишгоҳи ташхиси маҳсулоти ғизоии Агентӣ ҳамчунин маълум гардид, ки 183 889 кг равғани растанӣ, 8425 литр нӯшокиҳои спиртӣ ва 7018 литр нӯшокиҳои ташнашикан, 52 954 кг маҳсулотҳои қаннодӣ, 1867 кг маҳсулоти ширӣ, 31 850 кг чой, какао, қаҳва, 7862 дона тухми мурғ ва ва дигар маҳсултҳо, ки қисми зиёдашон маҳсулотҳои воридотӣ ба ҳисоб мераванд. Ғайристандартӣ дониста шудаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок ва риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 4543 ҳолат, бап маблағи умумии 1 041 695 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Давлатзода, илова кард, ки гарчанде ин нишондиҳандаҳо нигаронкунанда ба ҳисоб мераванд, аммо онҳо барои поин шудани ин рақамаҳо талош мекунанд.

“Кормандони “Тоҷикстандарт”, аз ҷумла банда шабу рӯз кор мекунем. Барои бехатарӣ ва солимии мардум тамоми чораҳоро андешида мешавад. Аммо  кори масъулини ин ниҳод бе ҳамкорӣ ва иртибот бо ҷомеа натиҷаи хуб намедиҳад. Аз ҷумла рӯзноманигорон ва шаҳрвандон барои ислҳи камбудиҳо бо мо ҳамкории бештар дошта бошанд”, гуфт директори “Тоҷикстандарт”.