Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 2035 баста сақичи «Орбит» ва 3662 баста офтобпараст бо тамғаи қалбакӣ ошкор ва аз муомила гирифта шуд. Дар ин бора директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, ҳамчунин бо дархости ширкати тиҷоратии “Мегаполис” 14645 литр нӯшокиҳои муҳлати истифодаашон гузаштаи тамғаҳои “Кока-кола”, “Фанта”, “Спрайт” тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шудаанд.

Инчунин, аз ҶДММ “Реал Трейдинг” 689 кг маҳсулоти ғизоӣ, “Рушон” 676 кг ғизои кӯдакона ва ҷамъияти “Марям Мухторпур” ба миқдори 3800 кг вафлии хушк нобуд карда шудааст. 

Қудрат Давлатзода, илова кард, ки барои саломатии сокинон бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҷумла журналистон бо онҳо робитаи зич дошта бошанд, то тавонанд мушкилиро паси сар намоянд.

“Барои мо солимии аҳолӣ хеле муҳим аст ва барои ҳалли мушкилот шабу рӯз кор мекунем то маҳсулотҳои муҳлати истифодаашон гузашта ва пастсифатро тавонем нест кунем. Бо тоҷирон ва соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем то худашон тавонанд маҳсулоти худро супоранд”, - таъкид дошт ӯ. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.