Рӯзҳои 24-26 июл дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ҳарорат то  40-43 дарҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43-45 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 32-37 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвоз то 40 дараҷа гарм пешгӯи мешавад.

Гуфта мешавад, бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 24-26 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии НТМ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин давра, дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якуякбораи сатҳи об дар назар буда, эҳтимолияти шусташавии соҳилҳо дар назар аст.

Обуҳавошиносон ҳамчунин аз идомаи гармои зиёд ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ (чангу ғубор) дар шаҳри Душанбе то санаи 28 июл низ огоҳӣ медиҳанд.

biography.com

Барои ҳимоя аз таъсири манфии гармо ва ифлосшавии обуҳаво даст кашидан аз сайругашти тӯлонӣ дар наздикии шоҳроҳҳои бузурги мошингард, ки минтақаи хатари зиёд барои солимӣ аст, тавсия дода мешавад. Дар навбати аввал ин ба кӯдакон, шахсони пиронсол, занони ҳомиладор ва беморон тааалуқ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.