Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи поинравии ҳарорат дар ҷумҳурӣ огоҳ мекунад.

Тавре дар сомонаи Агентӣ иттилоъ дода мешавад, то санаи 16 август дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳо (бо истиснои ВМКБ) шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 15-20 м/сония мевазад.

Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад.


Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ин давра пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 5-8 дараҷа дар назар аст.

Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабр бо чангу ғубор пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ӯарб бо шиддатнокии 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 17-19 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.