Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд боз ду нафар “табибони халқӣ” ба гумони дастдарозӣ ба номуси занони мизоҷашон боздошт шуданд. Гузориши лаҳзаи боздошти яке аз онҳо дар шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода шуда, дар бораи ҳодисаи дигар расонаи мустақили “Ахбор” иттилоъ медиҳад.

Дар навори видеои дафтари матбуоти ВКД дида мешавад, ки сокини 35-солаи ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Мирзоюсуф Нодиров баданаш урён боздошт ва бозпурсӣ мешавад.

“Ба ман касалиҳои рӯҳӣ, ҷавонону духтарон барои тӯмори бахткушоӣ муроҷиат мекарданд. Ба онҳо оятҳои Қуръон мехондам, шифо меёфтанд”, - мегӯяд Нодиров дар гузориши телевизионӣ.

Дар гузориш хабар дода мешавад, ки ӯ ҳангоми дастдарозӣ кардан ба номуси як зани мизоҷи худ, ки аз ӯ баровардани ҷинҳояшро ваъда додааст, дастгир мешавад.

Нисбати ӯ барои содир кардани амалҳои бадахлоқона (моддаи 142 КҶ ҶТ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар он ба муҳлати аз 2 то 3 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи расонаи мустақили “Ахбор” иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 13 август дар ҳамин ноҳия мулло Раҳматулло бо лақаби “Девона” боздошт шудааст.

“Ҳангоми дуохонӣ Раҳматуллоҳи Девона куртаи занро боло карда, баданашро дастмол кардааст. Зан ба мақомот муроҷиат мекунад ва кормандони амният зани корафтодаро бо видеокамера пеши мулло мефиристанд. Мулло боз ҳаракатҳои бадахлоқонаашро такрор мекунад ва зан ин лаҳзаҳоро ба навор гирифта, ба дасти мақомот месупорад. Мақомот ин қазияро "хушӣ ба хушӣ” ҳал карданд: мулло Раҳматулло ба он зани ҷабрдида 30 ҳазор сомонӣ товон супурдааст ва вайро аз боздошт бар асоси ин тавофуқи тарафайн озод карданд”, - менависад “Ахбор”.

Гуфта мешавад, моҳи июл бо айни иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ нисбат ба духтарони хурдсол Сулаймон Саъдиев ном сокини ноҳияи Восеъ дастгир шуда буд.

Дар гузориши нашршуда дар телевизиони давлатии «Тоҷикистон» гуфта мешуд, ки "аз содалавҳӣ ва хурофотзадагии иддае аз сокинон сӯиистифода бурда, гӯё ба табобати беморони гирифтори ваҳмзадагӣ машғул буд ва ҷинро аз вуҷуди онҳо мебаровард, яъне муллои ҷинбарор буд.”

«Муштариён»-и ин ҷинбарор кӯдакони ноболиғе буданд, ки табобати онҳо бо таҷовуз анҷом меёфт. Саъдиев ба духтарон пул медод, ки ба касе чизе нагӯянд ва "дар хона ин сирро накушоянд.” Вале ду кӯдак дар ниҳоят сирри ин ба ном "мулло”-ро ба волидони худ ошкор карданд. Волидон ба мақомот муроҷиат карданд ва баъди ин Саъдиев дастгир шуд.

Чанд сол пеш Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар” маҳкум шуда буд, ки ба дастдарозӣ ба номуси занҳои корафтода гунаҳкор дониста шуд.

Тақрибан ҳамон вақт Мулло Ҷаббор ном шахсе низ ба ҳабс гирифта шуда буд, ки худро ҷодугар номбар карда, як гурӯҳи ҷавононро ба ғоратарӣ водор намуд ва дар ҳамин ҳол итминон медод, ки сеҳру ҷодуро истифода карда, пеши роҳи ошкор шудани ҷиноятро аз ҷониби кормандони милитсия мегирад.

Баъдтар ду нафар сокинони ноҳияи Шаҳринав ба ҳабс гирифта шуданд. Онҳо ба одамон ваъда медоданд, ки бо истифода аз сеҳру ҷоду хешовандонашонро аз Сурия бармегардонанд.