Гурӯҳи аввалини зойирин аз Тоҷикистон субҳи имрӯз ба Душанбе баргашта, онҳоро пайвандону наздиконашон истиқбол намуданд.

“Субҳи имрӯз бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” гурӯҳи иборат аз 17 нафари ҳоҷиён аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба Душанбе баргаштанд, дирӯз бошад, гурӯҳи аввали зойиринро аз вилояти Суғд ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба шаҳри Хуҷанд расонид”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ Афшин Муқим.

Бино ба гуфтаи номбурда, бозгашти зойирини тоҷикистонӣ ба ватан то моҳи сентябр идома меёбад.

1/16

Ёдрас мекунем, ки имсол зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон фавтиданд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ ҳудуди 5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд. Соли 2018 беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён маросими адои ҳаҷро ба ҷо оварда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.