Рӯзи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (9 сентябр) воридшавӣ ба тамошои ҳамаи чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе бепул мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, минбаъд дар тамоми чорабиниҳое, ки мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳукумати Тоҷикистон дар боғҳои шаҳр мегузаронанд, чунин таҷриба роҳандозӣ мешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ғайр аз ин, ба ифтихори ҷашн ятимону бепарасторон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат  ба тамошо ва сайругашти осорхонаву боғҳои шаҳри Душанбе бурда мешаванд.

Маблағи воридшавӣ ба боғҳои Фирдавсӣ, Айнӣ ва Хайём барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонони синни аз 14 то 70-сола 2 сомониро ташкил медиҳад. Барои кӯдакони синни то 7-сола ва шахсони синни аз 70-сола боло бепул мебошад.

Зимнан зикр шуд, ки воридшавӣ ба боғҳо барои ятимон, маъюбон, сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бепул аст.

“Аттраксионҳо ба иҷора дода шуда, моликони онҳо дар мувофиқа бо маъмурияти боғ нархҳои худро мегузоранд, ки тез-тез вобаста ба талабот, болову поин мераванд”, - иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе чорабиниҳои варзишӣ, шанбегии умумишаҳрӣ, озмуну викторинаҳои гуногун барпо мекунад.

Чорабинии асосии ҷашнӣ шоми рӯзи 9 сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” доир гардида, дар доираи он бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоишномаи театришуда барпо мегардад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, ба ифтихори ҷашн дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ва боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.