Далер Назаров, сарояндаи тоҷик дирӯз, 22 август бо Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар шаҳри Хоруғ вохӯрда, дар суҳбат бо раиси вилоят пешниҳод намудааст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ мактаби мусиқӣ ва санъат барои ҷавонон таъсис дода шавад.      

Тавре Ғолиб Ниятбеков, котиби матбуотии раиси Вилояти Бадахшон дар суҳбат ба “Азия-Плюс”, низ гуфт, пешниҳод аз ҷониби раиси Бадахшон қабул гардид ва дар оянда барои ҳал намудани ин масъала чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Гуфта мешавад,  Далер Назаров, дар ҳоле ин пешниҳодро кардааст, ки сарояндагони ҷавон ва рассомону дигар ҳунармандон тавонанд ҳунари худро дар ин мактаб сайқал диҳанд.

 Ҳамчунин Далер Назаров, дар идомаи суҳбат қайд намудааст, ки

- Мақсади омадани ман ба зодгоҳам Бадахшон ин аст, ки бештар бо дунёи овозхонони ҷавони вилоят, шароити кории онҳо шинос шавам. Овозхонони ҷавони вилоят маҳорати хуби овозхони доранд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар низ иштирок карда истодаанд. Ман боварии комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Бадахшон баҳри ба даст овардани манфиатҳои натиҷабахш дар соҳаи фарҳанги вилоят ба мо кӯмаки худро дареғ намедорад.

Зимни суҳбат ҳамчунин раиси ВМКБ қайд кард, ки Далер Назаров яке аз сарояндаи соҳибҳунар дар ҷодаи эстрадаи навин тоҷик мебошад, ки мусиқи фолклори тоҷикро дар сабти оҳангҳои эстрадии "поп-фолк" таълиф намуда месарояд. Ва боиси ифтихор аст, ки Далер Назаров дар тамоми давлатҳои Осиё ва Аврупо мардумро бо оҳанг ва эҷодиёти нависандагон ва шоирони тоҷик шинос менамояд.

Инчунин дар назар аст, ки Далер Назаров дар Бадахшон консерт ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатии худро баргузор намояд.