АНОНС

- Дар Душанбе Мусобиқаи Х байнулмилалӣ оид ба теннист байни наврасони то 17-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз мегардад;

- Дар Маҷористон (Венгрия) Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ (гребля на байдарках и каноэ) идома дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ин кишвар Чемпионати ҷаҳон оид ба навъҳои варзиш дар об байни наврасон ҷараён дорад. Ҳайати Тоҷикистон аз 4 нафар шиновар иборат аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6849 сомонӣ;

1 евро – 10.7309 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1472 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1939 – ИҶШС (СССР) ва Олмон Муоҳада дар бораи ҳуҷум накарданро ба ҳамдигар ба имзо расониданд.

1963 – Ифтитоҳи Анҷумани VIII-уми занони Тоҷикистон.

2010 – Аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ 25 нафар боздоштшудагон 5 посбонро кушта, аз маҳбас фирор карданд.

2017 –  Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба як қатор қонунҳо дар бораи маориф тасдиқ намуд, ки мутобиқи он ба хонандагони мактабҳову донишҷӯён бо автомашина ба дарс омадан манъ шуд.

1870-1945 – Зодрӯзи нависанда Бобоюнус Худойдодзода.

1910 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Николай Волчков.

1913-1985 – Зодрӯзи журналист Яков Налский.

1929-2003 – Мавлуди оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Одилҷон Назаров.

1954 – Зодрӯзи футболбоз, устоди варзиши Тоҷикистон Валерий Турсунов.

1962 – Мавлуди нависанда Парда Ҳабиб.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 23 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.