Мо лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом, ҳамсояҳо!”)-ро ба итмом расонидем, ки бо пешниҳоди лаҳзаҳое аз рӯзгори мардуми одӣ талош варзид, ки мардуми тоҷику ӯзбекро бештар ба ҳам наздиктар созад.

Маводи охир ба гузоришҳои беҳтарину ҷолибтарин ва дастаи кормандон бахшида шудааст, ки муддати 1 солу 4 моҳ дар татбиқи ин лоиҳа саҳм гузоштанд.

Бо оғози амалисозии он дар моҳи майи соли 2018 мо бовар доштем, ки ҳар қадар бештар одамон аз забони худ дар бораи ҳамдигар маълумот гиранд, ҳамон андоза онҳо якдигарро хуб дарк кардаву эҳсос мекунанд ва ба мубоҳисаву низоъҳои бемаънӣ кашидани онҳо душвортар мешавад.

То ин дам журналистони тоҷику ӯзбек дар доираи лоиҳаи “Салом, соседи!” наздики 180 гузориши видеоӣ аз 20 шаҳри Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия карданд. Гузоришҳои моро садҳо ҳазор нафар хондаву тамошо карданд. Чанде аз онҳоро то ҳанӯз натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки берун аз ҳудуди он низ писандидаву интишор месозанд.

Ҳайати кормандони лоиҳаи “Салом, соседи!” барои ҳамкории пурмаҳсул ба рӯзноманигорони тоҷику ӯзбек Шуҳрат Шокирҷонов, Дана Опарина, Азиз Абдувалиев, Муҳиддин Ҷабборов, Дилшод Раҳмонов, Таваралӣ Соҳибназаров, Хуршед Назаров, Маҳин Даврон, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Рустамбек Аҳмадов изҳори сипос мекунад.

Гузориши пешини таҳияшуда дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом, ҳамсояҳо!) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафи аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.