Ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 300 ҳазор нафар кӯдакону наврасони то 19-сола гирифтори бемории саратон мешаванд. Дар Тоҷикистон айни замон то 1200 нафар ноболиғону хурдсолони мубталои саратон таҳти назорат мебошанд. Аз ҷумла, тайи ҳашт моҳи соли равон зиёда аз 100 нафар аввалин маротиба бо ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чӣ тавре ки мутахассисон қайд мекунанд, сабаби пайдо шудани саратон дар байни кӯдакон гуногун буда, ин беморӣ аз насл ба насл мегузарад. Ба ҷуз ин, никоҳи хешутаборӣ ва дигар омилҳо низ боиси пайдоиши ин беморӣ шуда метавонанд. Ба гуфтаи табибони саратоншинос, волидони ҳар кӯдаки сеюме, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, никоҳи хешутаборӣ доранд. Инунин вақте инкишофи ҷанин дар батни модар вайрон шуд, кӯдак метавонад гирифтори бемории саратон шавад.

Ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудааст, ки волидон фарзандони бемори худро саривақт аз ташхиси тиббӣ намегузаронанд.

Дар ҷумҳурии мо кумак ба кӯдакони гирифтори бемории саратон, ки ниёз ба дармони таскинбахш доранд, асосан дар манзили онҳо гузаронида мешавад.

Барои дарёфти маълумоти бештар ба Моҳира Умарова, мудири шуъбаи бемориҳои саратони кӯдакони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” муроҷиат кардем.

- Ёрии таскинбахш (палиативӣ) чист ва дар кадом ҳолат ба бемор расонида мешавад?

- Яке аз навъҳои ёрии тиббие, ки барои кӯдакони гирифтори бемории саратон расонида мешавад, ин ёрии таскинбахш (палиативӣ) мебошад. Мақсад аз он беҳтар кардани сифати зиндагии хурдсоли бемор аст. Дар вақти хуруҷи беморӣ доруҳои бедардкунӣ лозим аст. Дард зина ба зина авҷ мегирад. Зимнан ба бемор доруҳои бедардкунии сабук, миёна ва сипас баланд гузаронида мешавад.

Таскинбахшӣ ва бедардкунии кӯдакони гирифтори саратон дар ҳолате гузаронида мешавад, ки аллакай ба бемор ёрии асосӣ ғайриимкон аст. Яъне чунин бемор танҳо бо гузаронидани дорую дармоне, ки барои ёрии таскинбахш пешбинӣ шудаанд, каме осуда мешаванд. Пизишкон бо пайвандони беморон тариқи онлайнӣ ва телефон 24 соат дар тамос ҳастанд ва руҳану ҷисман онҳоро дастгирӣ мекунанд.

Моҳира Умарова, мудири шуъбаи бемориҳои саратони кӯдакони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”.

- Беморон чунин ёрии тиббиро бояд дар беморхона ва ё манзили зисташон бигиранд?

- Аслан, ба кӯдакони гирифтори бемории мазкур дар манзили зисташон ёрии таскинбахш расонида мешавад. Бояд гуфт, ки бештари ин беморон дигар мадори ҳаракат надоранд. Беҳтар аст, ки онҳо дар назди пайвандони худ ин кумакро бигиранд ва пизишкони маҳалли зист ба онҳо ёрии тиббӣ расонанд. Ба бемороне, ки дар ноҳияҳои дурдаст қарор доранд, саратоншиносони минтақа ва табиби оилавии онҳо кумаки таскинбахш мегузаронанд.

Дар худи шуъбаи саратони кӯдак ду ҳуҷра барои гузаронидани кумаки таскинбахш вуҷуд дорад ва дар ҳама ҳолат ба афроди ниёзманд ёрии тиббӣ расонида мешавад.

- Ҳоло чанд нафар кӯдакон аз чунин кумак баҳраваранд?

- Имрӯз ба 90 нафар кӯдакон ёрии таскинбахш расонида мешавад. Табибоне, ки бевосита бо бемор сарукор доранд, барои пешниҳоди ёрии таскинбахш мусоидат мекунанд. Ҳамчунин ба волидон фаҳмонида мешавад, ки чӣ тавр бояд беморро нигоҳубин кард ва ёрии аввали тиббӣ расонид.

- То куҷо бемории саратон дар байни кӯдакон табобатшаванда аст? Оё ин беморон дар Тоҷикистон ҷарроҳӣ мешаванд?

- Дар ду соли охир зиёда аз 10 хурдсол дар шуъбаи бемориҳои саратони кӯдакон ҷарроҳӣ шудаанд, ки аз ҳама хурди онҳо 5 рӯз дошт. Маризони ҷарроҳишуда имрӯз 2,5 сол доранд ва саривақт аз ташхиси табибон гузаронида мешаванд.

Кӯдакони дигаре, ки солҳои пеш табобат гирифта буданд, имрӯз оиладор ва соҳиби фарзанд мебошанд. Шифоёбии гирифторони саратон ба марҳилаи беморӣ ва саривақт гирифтани муолиҷа вобаста аст.

Бояд таъкид созам, ки табобат дар шуъбаи саратони кӯдакон ройгон мебошад. Инчунин Фонди хайрияи “Лона” тӯли 10 соли охир ба ин шуъба дорувории кимиёвиро дастрас мекунад. Солҳои охир афроди хайрхоҳ ба аёдати кӯдакони гирифтори бемориҳои саратон меоянд ва кумакҳои молӣ мерасонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.