Сафорати ИМА дар Тоҷикистон эълон кардааст, ки фестивали ҳарсолаи Go Viral бори аввал дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 14 ва 15 сентябри соли 2019 дар Маркази Исмоилия баргузор мегардад. 

Рӯзи шанбе, 14-уми сентябр фестивал аз соати  12:00 то 18:00 ва рӯзи якшанбе, 15-уми сентябр - аз 10:00 то 17:00 баргузор мешавад.


Go Viral фестивали байналмилалист, ки навоварони ВАО, бизнес ва технологияҳои Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои омӯхтани тамоюлҳои навтарин ва ғояҳои пешвоёни афкори соҳаҳои гуногун муттаҳид мекунад. Сухангӯёни фестивал мутахассисони фаъол ва эҷодкор аз ИМА ва Осиёи Марказӣ мебошанд.

Go Viral майдони мусоидест, ки дар он одамон метавонанд мубодилаи ғояҳо кунанд, дар якҷоягӣ барои рафъи мушкилот фаъолият баранд ва ба ҳамдигар илҳом бахшанд, то ки якҷоя эҷод намоянд.

Ҳангоми муошират бо зиёда аз 34 нафар сухангӯён аз Иёлоти Муттаҳида ва Осиёи Марказӣ, иштирокдорони фестивал дар бораи он маълумот пайдо мекунанд, ки чӣ тавр фановариҳои навин метавонанд ба тарзи пешбарии тиҷорат, дарк кардани фарҳангу ҳунар, мубодила ва дарёфти иттилоот таъсир расонанд.

Ҷаласаҳои ҷудогона, семинарҳо, баромадҳои мусиқӣ, намоиши филмҳо дар барномаи се бахши зерини фестивал: ВАО, бизнес ва технология хоҳанд буд. Сухангӯён мавзӯъҳои зеринро ба монанди монетизатсияи бизнес, эҷоди мавод бо мавзӯъ ва мундариҷаи тиҷоратӣ, василаҳои нави ВАО, гузориш, таҳлил ва коркарди маълумот, оғози соҳибкорӣ ва ғайра баррасӣ мекунанд.

Саҳифаҳои иҷтимоии моро дар Facebook, Instagram ва Telegram ва бо хештеги #GoViralTj пайгирӣ намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.