Ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишии пойгаи аспдавонӣ доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ба Сарраёсати молияи шаҳрдорӣ дастур дода шудааст, ки барои баргузории ин чорабинӣ 51,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кунад.

Гуфта мешавад, тибқи қарор роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Қобили зикр аст, ки ба мусобиқа беҳтарин аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ дар маҷмаии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе соати 15:00-и рӯзи 14 сентябр оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.