Имрӯз, 12-уми сентябр саромади филми тасвирии тоҷик Мунаввар Мансурхоҷаев 78-сола шуд. Хабарнигори “Asia-Plus” ба дидорбинии соҳибҷашн рафта, аз ӯ мусоҳиба гирифт.
- Устоди арҷманд, аввалин филми тасвирии Шумо кадом буд?
- Аввалин филми тасвирии дар Тоҷикистон таҳиякардаи ман “Моҳии гулдор” ном дорад.
- Айни ҳол филмҳои тасвирии тоҷик дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Дар ин бора наметавонам чизе бигӯям. Чун баъд аз замони истиқлол дар ин соҳа фаъолият накардаам. Ҳама аъзои гурӯҳи эҷодии ман пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон рафтанд.
- Филмҳои тасвирии замони шӯравӣ аз маҳсули Тоҷикистони имрӯза чӣ фарқ доранд?
- Ба тарзи назаррас фарқ мекунанд. Филмҳои тасвирии замони шӯравӣ равон, зебо ва маънии баланд доштанд. Ҳоло дар Тоҷикистон сифати паст ва маънии коста доранд.
- Дар замони истиқлол филмҳои тасвирӣ таҳия кардаед?
- Не, дар ин давра фаъолиятамро қатъ кардам. Замоне раиси Иттифоқи синамогарон шудам ва баъд аз он кори худро ҷамъбаст кардам.
- Шумо дар даҳ соли даврони шӯравӣ зиёда аз 14 филми тасвирӣ таҳия кардед. Сабаб чист, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ аз ин кор даст кашидед?
- Вақти замони шӯравӣ кор нағз буд. Айни ҳол ин чизҳо ба ҳеҷ кас лозим нест. Худашон ба навор мегиранд ва худашон тамошо мекунанд... Бастакор Геннадий Александров барои филмҳои ман оҳанг месохт, вале ӯ низ кайҳост, ки аз Тоҷикистон рафтааст...
- Оё дигар намуди филмҳоро ба навор гирифтаед?
- Бале, филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия мекардам. Аз соли 1967, вақте ба олами синамо ворид шудам, ба ҳайси ёвари коргардони шинохта Борис Кимёгаров фаъолият доштам. Баъдан ба филмҳои ҳуҷҷатӣ шавқ пайдо карда, якчанд мавзӯъро навор гирифтам, ба монанди “Дар кӯҳсор осмон баландтар аст” (“В горах выше небо»), «Даҳмарда» ва боз се-чор филми дигар.
- Ягон филми бадеӣ ба навор гирифтаед?
- Не. Пас аз филмҳои хуҷҷатӣ ба филми тасвирӣ рӯ овардам.
- Кадом маҳсули эҷоди Шумо дар озмунҳои байнулмилалӣ ширкат варзидааст?
- Филмҳои “Афсонаи тирамоҳ” (“Легенда осени”), “Гурба чӣ гуна бо мушҳо меҷангид” (“Как кот с мышами воевал”) ва ғайра ба фестивалҳо роҳ ёфта, сазовори ҷойҳои махсус шуданд. Филмҳои тасвирии шӯравӣ пурмазмун буданд. Аз ин рӯ, ман наметавонистам ҷойи аввалро ишғол намоям. Қисми зиёди гурӯҳи моро донишҷӯён ташкил медоданд. Барои бандубасти филм танзимгарон аз Маскав меоманд ва моро меомӯзонданд. Бо кӯмаки якдигар сарҷамъ шуда, ин филмҳоро месохтем.
- Орзуе доред, ки то ҳол дар зиндагиатон амалӣ нашуда бошад?
- Бале. Орзуҳои зиёде доштам, ки мутаассифона, амалӣ нашуданд. Яке аз нақшаҳоям ин буд, ки шогирдони зиёдро дар соҳаи мултипикатсия тайёр кунам. Онҳо дар Тоҷикистон фаъолият кунанду ин соҳаро инкишоф диҳанд, лекин амалӣ нашуд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳама пароканда шуданд.
- Агар бо раисҷумҳур вохӯред, барои рушди соҳа аз ӯ чӣ хоҳиш мекардед?
- Хоҳиши аввалинам – гурӯҳҳои эҷодиро ҷамъ кунем, то филмҳои зиёди тасвирӣ таҳия созем. Дуюм – навомӯзонро барои таҳсил ба хориҷа равон кунем. Сеюм – ҳаққи заҳматашонро саривақт бипардозем.
- Айни ҳол вақти худро чӣ хел мегузаронед?
- Истроҳат мекунам. Гоҳ-гоҳ ба иттифоқи синамогарон меравам.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 ноябри соли 2025
Консулҳои Тоҷикистон дар чор музофоти Русия ва як шаҳри Қазоқистон нав шуданд. Онҳо кистанд?
Ҷузъиёти кушта ва захмӣ шудани ду ноболиғ дар пайи ҷанҷоли гурӯҳи наврасон дар Душанбе
Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон–2025" шурӯъ шуд
Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Боз киҳо аз вазифа озод шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста