Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шакли электронии ҳамаи китобҳои дарсиро аз синфи 1 то 11 барои таҳсил ба забони тоҷикӣ нашр кард. Ҳамаи китобҳои дарсии хушсифат дар шакли pdf боргирӣ мешаванд.

«Китобҳои электронӣ дар сомонаи Вазорати маориф ва илм барои он хонандагоне ба пешниҳод шудааст, ки дар дастрасии онҳо мушкилӣ доранд”, - иброз дошт котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт.

Бино ба гуфтаи ӯ, шакли электронии китобҳоро дар сомонаи Вазорат - maorif.tj дар бахши “Китобҳои дарсӣ” метавон дарёфт кард.

Вай афзуд, ки рӯйхати китобҳои дарсӣ дар шакли электронӣ минбаъд иловаю навсозӣ мешавад.

Ба суол дар бораи чӣ гуна истифода кардани китобҳои электронӣ дар мактабҳое, ки дар онҳо истифодаи телефони ҳушманд ва планшет иҷоза нест, Эҳсони Хушбахт посух дод, ки “дар ин ҳолат хонандагон китобҳои электронӣ (PocketBook) ё планшетҳои махуси таълимиро бе дастрасӣ ба интернет ва дигар имконоти барои таълим нолозим бо худ гирифта метавонанд”.

Қобили зикр аст, ки айни замон бо китобҳои дарсӣ таъмин кардани хонандаи мактаб каме душвор шудааст, чунки ҳамасола сафи толибилмон афзуда, қариб дар ҳамаи мактабҳо камбуди китобҳои дарсӣ мушоҳида мешавад.

Агар барои фарзандатон аз китобхонаи мактаб китоб дарёфт накардед ё то ҳол ба харидани он фурсат наёфтед, дар маводи “Азия-Плюс” суроғаи ҷойҳои фурӯши китобҳои дарсӣ ва асбобу лавозимоти мактабиро дар Душанбе пайдо карда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.