Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош 18 нафар муҳоҷирони тоҷики қаблан боздоштшуда аз шаҳри Владимири Русия хориҷ карда мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, онҳо охири моҳи август боздошт шуда буданд.

Қаблан ӯ хабар дода буд, ки зимни рейдҳо дар шаҳри Владимир 200 нафар муҳоҷирон боздошт шуда буданд, ки миёни онҳо 80 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

“Мо ин маълумотро санҷидем ва маълум шуд, ки ҳамагӣ 200 нафар муҳоҷиронро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт намуда, нисбат ба 80 нафари онҳо барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузорӣ дар бораи ҳузур дар қаламрави Русия санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Байни ин 80 нафар 18 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд”, - шарҳ дод Аҳмадов.

Ҳамчунин он замон Иброҳим Аҳмадов ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ҷамъияти тоҷикон ва намояндагӣ ҷиҳати кумак ба муҳоҷирони боздоштшуда омодаанд.

“Мо ва ҷамъияти тоҷикон барои кумак ба ин муҳоҷирон ҳамаи ҳолатҳоро меомӯзем. Агар онҳо воқеан ҳам қонунро риоя накарда, ғайриқонунӣ кор мекарданд, ба онҳо ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Мутаассифона, дар ин ҳолат мо ба онҳо кумак карда наметавонем. Агар далелҳои боздошти ғайриқонунии онҳо тасдиқ шавад, ба шаҳрвандон ҷиҳати дарёфти адолат кумак мекунем”, - изҳор дошта буд номбурда.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.