Комиссияи Аврупо бо мақсади пешгирии ифротгароии зӯроварона ва муқовимат ба тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ ба таври иловагӣ боз 4 миллион евро маблағ ҷудо намудааст.

Комиссияи Аврупо бо мақсади пешгирии ифротгароии зӯроварона ва муқовимат ба тундгароӣ барои дастгирии воситаҳои ахбори омма (ВАО), созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони фаъоли Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба таври илова боз 4 миллион евро маблағ ҷудо намудааст.

Ҳадафи лоиҳаҳои нав аз кӯмаку дастгирӣ дар баргузории тренингҳо, боло бурдани сатҳи касбии  рӯзноманигорони маҳаллӣ, фаъолон ва кормандони масъули робита бо матбуот барои  интишори иттилооти пурмуҳтавою баландсифат иборат буда, инчунин барои бозтафтиши далелҳо бо мақсади ошкор кардани ахбори бардурӯғ замина фароҳам меоранд.

Чунин фаъолият, ки аз ҳисоби "Иқдоми Иттиҳоди Аврупо баҳри мусоидат ба сулҳу субот" маблағгузорӣ шуда, барои мубориза бар зидди иттилооти бардурӯғ, боло бурдани сатҳи огоҳии мардум ва ақаллиятҳо, омода намудани иттилооти ҷавобӣ ва вокуниш саҳмгузор хоҳад буд.

Кӯмаки имрӯз эълоншуда фаъолиятҳоеро, ки тавассути ҳамкориҳои қаблӣ бо созмони ғайриҳукуматии "Интернюз" оғоз шуда буданд, тақвият бахшида, ба пешрафти ҳамкориҳои минтақавӣ ва интишори муштараки иттилооти пурмазмуну воқеии марбут ба сулҳу субот мусоидат менамояд. Конфронси имрӯза дар назди “Фонди аврупоии дастгирии демократия” дар Брюссел дастовардҳо ва натиҷаҳои марҳилаи аввалро муаррифӣ ва рӯнамоӣ хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.