Дар ҷамоату деҳоти ноҳияҳои ВМКБ мӯйсафедон ба корҳои хоҷагидорию деҳқонӣ ҷалб шуда, бо чунин машғулиятҳо рӯз мегузаронанд. Аммо дар шаҳри Хоруғ на ҳамаи солмандон ба нигоҳубини чорво ё дигар корҳои хоҷагидорӣ дастрасӣ доранд. Бинобар ин, баъзе пирамардони шаҳр аз надоштани машғулияти мувофиқ азият мекашанд.

Суҳроб Рустамбеков, яке аз пирамардони маҳаллаи Носири Хусрави шаҳр қаблан дар идораи нашрияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ - рӯзномаи “Бадахшон” ба ҳайси посбон кор кардааст. Ӯ баъди ба нафақа баромадан давоми чанд соли охир аз бекориву ташвиши рӯзгор то ҳадде нороҳат шудааст.

Суҳроб Рустамбеков дар байн

Хушбахтона, имсол аз аввали баҳор пирамардони зиёд ихтиёран ба кабудизоркунию ободонии маркази вилоят иқдом карданд. Зимнан баъзеи онҳо аз тарафи Маркази будубоши рӯзона барои пиронсолону маъюбон ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дастгирӣ ёфтанд. Яъне масъулини марказ барояшон роҳу усули нави кабудизоркунии шаҳр ва омодасозии ашёи гуногунро ёд доданд. Рустамбеков ҳоло яке аз мардони зиндадили шаҳр ҳаст, ки дар баробари дигар ҳамсолонаш барои ободонии маркази вилоят саҳм мегузорад.

Феълан 13 нафар пирамардон аз ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ дар як ҳафта се рӯз бо ҳам омада, ба сохтани ҳар гуна лавозимот барои гулпарварию рустанипарварӣ иқдом мекунанд.

“Молу маҳсулоти мо асосан аз чархи мошинҳои боркашу сабукрав дар шакли паррандаҳои гуногун сохта мешавад. Инчунин аз химчаи дарахтон мизу курсӣ, сабадҳои ҳархела барои хариди маҳсулот дар бозору фурӯшгоҳҳо месозем ва бо нархҳои арзону дастрас пешкаши мизоҷон мекунем”, - мегӯяд Рустамбеков.

Саидмир Саидмеҳтаров низ аз ҷумлаи куҳансолонест, ки дар сохтани лавозимоти гуногун ва корҳои ободонии шаҳр ҳиссагузор аст. Номбурда пеш аз ин дар хатсайри сеюми шаҳри Хоруғ ба сифати ронандаи нақлиёти мусофиркаш фаъолият кардааст.

Аз чап Саидмир Саидмеҳтаров

“Ҳоло набераам ба ҷойи ман ронанда шуда кор мекунад. Худам намехоҳам ҳайкал барин дар ҷойе истам ё ки хонашинӣ кунам. То даме зӯру қувватам мерасад, ба халқу Ватан хизмат мекунам”, - гуфт Саидмеҳтаров.

Сокини маҳаллаи Хуфаки шаҳри Хоруғ Насратулло Туфалонов дар гузашта корманди идораи хоҷагии оби вилоят будааст. Мавсуф ҳоло ҳам дар корҳои ҷамъиятии шаҳрӣ фаъол буда, бо пиронсолон ҳамкории зич дорад.

“Беш аз се моҳ корҳои зиёд анҷом дода, ҳоло ҳам майли густариши фаъолият дорем. Зеро ҳангоми машғулиятҳои писандида рӯзи мо зуд мегузарад, вале мехоҳем онро бо беҳтарин дастоварду натиҷаҳои қонеъкунанда ҷамъбаст намоем. Боз ният дорем, маҳсулоти косибии худамонро дар намоишгоҳҳои гуногун муаррифӣ карда, ба ин васила ҷавононро ҳам ба сохтани ашёи нав ҳавасманд кунем, то наслҳои имрӯзу фардо дар корҳои навсозию кабудизоркунӣ бештар ташаббус нишон диҳанд. Зеро дар урфият мегӯянд, ки “ҳар давру ҳар мард”, - иброз дошт Туфалонов.

Дар идома Абдулло Худобердиев, ки солҳои пеш дар вазифаи муовини раиси шаҳри Хоруғ фаъолият карда, феълан бо пиронсолон ҳамкорӣ дорад, чунин гуфт:

“Иқдоми пешгирифтаи пиронсолон воқеан намунаи ибрат барои ҳамаи ҷавонони кишвар аст ва он на бо лофу суханбозӣ, балки дар амал сурат мепазирад. Ва дар замони муосир барои ин, қабл аз ҳама нангу номус ва ҷавонмардӣ лозим аст”.

Пиронсоли дигар Адулназар Мамадкаримов аз ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як инсон қобилияти иҷро кардани корҳои зиёд дорад, танҳо рағбати шахс лозим аст, то фаъолиятҳои созанда амалӣ шаванд.

“Лавозимоти ҳархела, аз қабили гулдонҳо дар шакли паррандаҳои хонагию ваҳширо ҳамзамон барои таҳким бахшидани равобити инсон ба табиати зинда, эҳсоси зебогиву рӯҳбаланд кардани одамон баҳри ҳифзу нигаҳдории муҳити зист сохтем. Итминон аст, ки дастранҷи мо ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат мекунад”, - гуфт Мамадкаримов.
1/5

Пиронсолон иброз медоранд, ки солҳои пеш Хоруғ чун як шаҳрак арзи вуҷуд карда, қисми зиёди ҳудуди онро қумзор ва хору хас ташкил медод.

Ҳанӯз аз даврони шӯравӣ дар он иншооти гуногун сохта шуда, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон он ба як шаҳри назаррабо табдил ёфт. Барои пайваста тозаю обод нигоҳ доштани маркази вилоят набояд танҳо мақомоти маҳаллии шаҳр ё идораҳои марбута вазифадор бошанд, балки сокинон ҳам саҳмгузор бошанд ва Хоруғро чун нигини Бадахшон ҳифзу нигаҳдорӣ кунанд.

Мавод дар доираи барномаи «Рӯзноманигорони мардумӣ» омода шудааст, ки бо дастгирии Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна - CAMP амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.