Ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баҳри кумак ба Аниса Насимзодаи 13-сола, ки охири моҳи август дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд зери тепловоз монд, маблағ ҷамъ карданд.

Ба гуфтаи фаъоли ҷамъиятӣ, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Ташаббусҳо оид ба рушди ҷавонон” дар ин созмон Дилрабо Шукрӣ, ин маърака дар консерти бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шудааст.

“Дар ҷараёни он 650 сомонӣ ҷамъоварӣ карда, ба волидони Аниса Насимзода супоридем”, - иброз дошт номбурда.

1/8

Ихтиёриён (ризокорон) чун огаҳ шудаанд, ки Аниса омӯзиши забони англисиро дӯст медорад, аз хонаҳои худ китобу филмҳои англисиро оварда, ба ӯ туҳфа кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.