Бо оғози соли нави хониш сокинони шаҳри Турсунзода, ки дар шаҳри Душанбе кору таҳсил мекунанд, ба мушкилии омадурафт ба ҷойи кору таҳсил дар пойтахт дучор шуданд, зеро равуои автобусҳо қатъ ва шумори мусофиркашҳои хурд кам гардида, таксиронҳо нархро боло бурданд.

Қобили зикр аст, ки тариқи шаҳри Турсунзода шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон меоянд ва онҳо низ ба ин мушклот рӯ ба рӯ мешаванд.

Хатсайрҳои қаблан роҳандозикардаи ширкати «Asian Express» аз Душанбе ба шаҳрҳои Тирмизу Деҳнави Ӯзбекистон интизороти мусофиронро қонеъ накарда, қатораи Душанбе-Пахтаобод аз сабаби ҷадвали номуносибаш писанди мардум нашуд.

Дар натиҷа нархи равуо (бо таксӣ аз Душанбе то Турсунзода ва пасон то марзи Ӯзбекистон) аз 10-15 сомонии пешин то 20-25 сомонӣ боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Asian Express» ба “Азия-Плюс” хабар доданд, автобусҳое, ки бо сабабҳои техникӣ охири моҳи август ба хатсайр набаромаданд, аз 18-уми сентябр дубора ба равуо оғоз мекунанд.

“Нархи чиптаҳо тағйир наёфтааст - 8 сомонӣ ба як самт. Масофаи роҳи хатсайри Душанбе-Турсунзода 53 километрро ташкил медиҳад”, - гуфтанд дар ширкат.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба автобус аз пойтахт то гузаргоҳи “Дӯстӣ” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон (масофааш зиёда аз 60 км) талабот вуҷуд дорад. “Ин масъала ҳам айни замон баррасӣ мешавад”, - афзуд намояндаи ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.