Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номи бисёре аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иваз шуд. Дар зер рӯйхати пурраи онҳоро манзуратон мегардонем ва бовар дорем, ки ин дар сарфаҳм рафтан ба номи имрӯзаи шаҳру ноҳияҳо ба шумо кумак хоҳад кард.

Шаҳри Душанбе

Ноҳияи Роҳи Оҳан – номаш ба ноҳияи Шоҳмансур иваз шуд

Ноҳияи Октябр – ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Ноҳияи Марказӣ – ноҳияи Фирдавсӣ

Ноҳияи Фрунзе –  ноҳияи Сино

Душанбе
Сурат аз сомонаи adb.org

Ноҳияҳои тобеи марказ

ш. Орҷоникидзеобод (баъдан - Кофарниҳон) – акнун ш. Ваҳдат

Ноҳияи Ғарм – ноҳияи Рашт

Ноҳияи Ленин – ноҳияи Рӯдакӣ

Ноҳияи Тавилдара  – ноҳияи Сангвор

Ноҳияи Ҳисор – ш. Ҳисор

Ноҳияи Ҷиргатол – ноҳияи Лахш

Ноҳияи Комсомолобод (Дарбанд) – ноҳияи Нуробод

Дарвоз

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноҳияи Қалъаи Хумб – Ноҳияи Дарвоз

Вилояти Суғд

Вилояти Ленинобод – Вилояти Суғд

ш. Ленинобод – ш. Хуҷанд

ш. Ӯро-Теппа -  ш. Истаравшан

ш. Табошар – ш. Истиқлол

ш. Қайроқум – ш. Гулистон

ш. Чкаловск – ш. Бӯстон

Ноҳияи Ғончӣ – ноҳияи Деваштич

Ноҳияи Нов – ноҳияи Спитамен

Ноҳияи Пролетар - ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ноҳияи Хуҷанд - ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ (то соли 1996 дар ҳайати ноҳияи Айнӣ) феълан – ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Хуҷанд
Сурат аз сомонаи today.tj

Вилояти Хатлон

Вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа – Вилояти Хатлон

ш. Қӯрғонтеппа – ш.Бохтар

ш. Калининобод (ш. Сарбанд) – ш.Леваканд

ш.Восеъ – ш.Ҳулбук

Ноҳияи Бохтар – ноҳияи Кӯшониён

Ноҳияи Октябр (Коммунистӣ) – ноҳияи Бохтар – ноҳияи Кӯшониён

Ноҳияи Куйбишев (Хоҷамастон) – ноҳияи Ҷомӣ

Ноҳияи Колхозобод (Ҷ.Румӣ) – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ноҳияи Илич – ноҳияи Ғозималик – ноҳияи Хуросон

Ноҳияи Москва – ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Ноҳияи Ленинград – ноҳияи Муъминобод

Ноҳияи Совет – ноҳияи Темуралик

Ноҳияи Ҷиликӯл – ноҳияи Дӯстӣ

Ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун

Ноҳияи Шӯрообод – ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Бешкент (қаблан дар ҳайати ноҳияи Шаҳритӯс) – ноҳияи Носири Хусрав.

Бохтар
Сурат: wikiway.com

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.