Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №148 дар шаҳри Ваҳдат ба номи Асадулло Саъдуллоев, собиқ устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузошта шуд.

Бахшида ба 79-умин солгарди устоди шодравон рӯзи 21-уми сентябр дар мактаби мазкур чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар он намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, омӯзгорону хонандагони мактаб, аҳли зиё ва шогирдону фарзандони Асадулло Саъдуллоев ширкат варзиданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз созмондиҳандагони ин чорабинӣ Илҳомҷон Ҳамидиён иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, муовини раиси шаҳри Вахдат Фарзона Хоҷазода аз номи мақомоти маҳаллӣ суханронӣ карда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди муҳим таҳният гуфт. Сипас адибон Ато Ҳамдам, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Раҷаб Мардон ва ҳамкорону шогирдони устод дар бораи ҳаёту фаъолияти пурсамари ӯ ва саҳми назаррасаш дар рушди рӯзноманигории тоҷик ибрози андеша карданд.

Зимнан пешниҳод гардид, ки барои толибилмони беҳтарини мактаб дар ҷамъбасти соли хониш идрорпулии ба номи Асадулло Саъдулоев супорида шавад.

1/4

Рухшона Саъдуллоева, духтари устод дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аҳли хонаводаи онҳо тасмим гирифтаанд, дар ин мактаб осорхонаи Асадулло Саъдуллоевро таъсис диҳанд. Дар он дафтарҳои хотирот, қолинчаҳо бо тасвири устод, нишону ифтихорнома ва дастхатҳои ӯ ҷойгир карда мешаванд.

Вай афзуд: “Дар чорабинӣ вақте расман ба ифтихори падарам номгузорӣ шудани ин мактабро эълон карданд, мо ашки шодӣ рехтем. Аз ин амали мақомот хеле хушнудем”.

Устод Саъдуллоев шаш фарзанд доштаву духтари ягонаи ӯ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Ваҳдат ба ҳайси табиб фаъолият мекунад. Рухшона бо таассуф мегӯяд: “Нафаре аз мо касби падари арҷмандро пеша накардаем”.

Акс аз Илҳомҷон Ҳамидиён

Асадулло Саъдуллоев 22-юми сентябри соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1962 хатм кардааст.

Солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кардааст. Сипас ба муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти ИҶШС (1980-1984) дарс гуфтааст ва ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи Кобул (1984-1987) низ кор кардааст. Дар солҳои 1992-2000 ва 2007-2009 мудири кафедраи телерадиожурналистика, инчунин солҳои 2002-2005 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 профессори кафедраи ВАО-и чопӣ ва PR-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. Мавсуф 4-уми феврали соли 2016 аз олам даргузашт.