Сарвазири Русия Дмитрий Медведев чанде қабл пешниҳод кард, ки рӯзҳои корӣ як рӯз кам ва ҳафтаи корӣ чоррӯза шавад. Ӯ ҳатто ба мансабдорони масъул дастур дод, ки ин масъаларо мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор диҳанд. Ин пешниҳодро Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Русия низ дастгирӣ кард.

Дар он ҷо чунин пешниҳодҳо шуданд: боқӣ гузоштани 40 соати корӣ дар 1 ҳафта ва 11 соат як рӯзи корӣ + 1 соат барои истироҳат; 35 соати корӣ дар 1 ҳафта ва 10 соати корӣ дар 1 рӯз; 4 рӯзи корӣ дар як ҳафта бо 8 соати корӣ дар як рӯз.

Дар Тоҷикистон ба ин масъала чӣ назар доранд?

Нигора Назарзода, муовини аввали раиси Федератсия мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои ба чунин реҷа гузхштан омода нест. “Дар Кодекси меҳнати ҷумҳурӣ” гузаштан ба ҳафта кории чоррӯза ба нақша гирифта нашудааст”, - хабар дод ӯ.

- Бе ин ҳам мо идҳои зиёде бо рӯзи истироҳат дорем, - иброз дошт номбурда. - Ин навгонӣ барои рушди иқтисод монеъа эҷод карда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Медведев зимни суханронӣ дар Конфронси байнулмилалии меҳнат дар Женева пешниҳоди худро бо он асоснок кард, ки сад сол пеш Генри Форд ба кам кардани ҳафтаи корӣ аз 48 то ба 40 соат тасмим гирифта, дар корхонаҳояш самаранокии кор бамаротиб боло рафт.

Сарвазири Русия қайд кард, ки рушди технологӣ дар саросари ҷаҳон натанҳо ба коҳиши ҷойҳои корӣ, балки вақти корӣ ва  тавсеъаи имконоти кормандон ба истироҳату фароғати шахсӣ низ боис хоҳад гашт.

“Ба гумони ғолиб, оянда ҳафтаи корӣ чоррӯза ва он асоси қарордоди иҷтимоӣ-меҳнатӣ хоҳад шуд”, - изҳор дошт ӯ.

Нигора Назарзода мутмаин аст, ки камшавии рӯзҳои ҳафтаи корӣ ҳам ба иқтисод ва ҳам ба толибилмон зиён оварда метавонад. “Дар Тоҷикистон мо қонунҳои худро дорем, - зикр кард ӯ. - Тавре медонем, дар Русия рӯзи 25 май дар мактабҳо занги охир садо медиҳад, лекин дар мо ин кор 14 июн сурат мегирад. Қонунҳои мо мутобиқат надошта, муқоисаи кишварҳои мо маъное надорад”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.