АНОНС

- Дар майдони назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷику ӯзбек, аз ҷумла овозхони шинохтаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова гала-консерт баргузор мешавад;

- Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад;

- Идомаи Ҳафтаи кинои Ҳиндустон дар Душанбе. Намоиши филмҳо дар кинотеатри “Зебуннисо” соати 16:30 баргузор мешавад. Воридшавӣ бепул аст;

- Дар доираи омодагӣ ба мусобиқа Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Дубай бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб бозиҳои рафиқона мегузаронад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6935 сомонӣ;

1 евро – 10.6725 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.15115сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2008 — СММ ҷиҳати ба Тоҷикистон ҷудо кардани 34,7 млн. доллар кумаки таъҷилии ғизойӣ ба кишварҳои мададрасон муроҷиат намуд.

2018 — Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дубора барқарор намудани таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳории хонандагон мактабҳои таҳсилоти умумӣ қарор қабул кард.

1951 – Зодрӯзи нависанда Неъматулло Худойбахш.

1952 – Мавлуди мутахассиси бахши урология Абдурасул Ғафуров.

1952 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Абдусамад Дӯстов.

1956 – Мавлуди олим Давлаталӣ Холов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.