“Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз соли 2009 инҷониб 5-уми октябр таҷлил мешавад. Дар ин рӯз хабарнигори Asia-Plus бо суоли “Чӣ бояд кард, то забони модарӣ омили муттаҳидии миллат бошад?” ба аҳли зиёи кишвар муроҷиат кард.

Абдуқодири Рустам, нависанда:

- Забон муҳимтарин рукни ҳувияти миллӣ аст ва ба ин сабаб шояд чунин суол матраҳ кардан усулан дуруст набошад. Аммо бо таваҷҷуҳ бар он ки дар кишвари мо то кунун забони меъёри миллӣ шакл нагирифтааст, суоли шумо мантиқӣ аст.

Забони меъёр ин аст, ки ҳар тоҷик ва ҳатто тоҷикистонӣ ҳам, ба ҷуз гӯиши маҳаллии худ, ки дорои вожаю ибораҳои хос, талаффузи вежа аст, бояд бар забони адабии гуфтории умумиллӣ мусаллат бошад ва ба ҷуз аз хонаводаю маҳаллӣ худ бо ин забони умумимиллӣ ҳарф бизанад.

Дар Тоҷикистон, мутаассифона, ба ҷуз забони адабиёти бадеӣ, гунаҳои дигари забони меъёри миллӣ ҳанӯз пояҳои устувор надорад. Дар байни забони адабии навишторӣ ва гуфтории мо тафовуте нест. Ба ин сабаб аст, ки мо хеле маснуъӣ гап мезанем, забони театру синемоямон бештар вақт маснуъӣ аст. Мо забони илм надорем, забони хоси расонаӣ надорем, асоси илмии имлои забонамон низ устувор нест. Яъне барои он ки забони миллат ба ваҳдати миллат мусоидат бикунад, рафъи ин камбудиҳо ниҳоятан зарур аст.

Барои он ки забони мо ба роҳи аслии рушди худ баргардад, мо бояд ду гумкардаамонро аз нав дарёбем: аввал номи аслии забонамонро, ки форсӣ аст, барқарор бикунем, дувум ба хатти милли худ – алифбои форсии арабӣ баргардем. Бидуни ин, осебпазирии забони мо идома меёбад ва бештару амиқтар мешавад.

Фарзона, шоира:

- Забони модарии мову Шумо бо он ки тоҷикӣ аст, аслан, забони ҳамгароӣ, тавҳид ва пайванддиҳандаи ақвоми башар аст. Бузургони мо ба ҷуз он ки ормонҳои милли худро бо забони тоҷикӣ иброз мекарданд, аслан, ормонҳои умумибашарӣ ва дардҳо, ниёзҳо, тафаккури умумибашарии худро бо забони тоҷикӣ ифода менамуданд. Яъне ҳам дарди миллӣ ва ҳам дарди ҷаҳонӣ буд дар вуҷуди бузургони мо.

Барои он ки забони мо тавонад, аҳли миллатро пайванд диҳад ва гароишҳои бисёр ночизро, ки ҳанӯз дар миёни аҳли миллат ҳаст – бегонагӣ, ҷудоӣ, маҳалгароӣ ва мисли ин унсурҳои бисёр тирае, ки ҳанӯз дар ҳаёти мо ҳаст, барои як забони модарӣ шояд инчунин имконияти бузургро надошта бошад.

Фақат дар ҳоле метавонад ин забон пайвандгари воқеию ростини мардум бошад, ки агар пайваста бо маърифату ирфон, бо омӯзишу дониши ҳам миллӣ ва ҳам ҷаҳонӣ пеш равад.

Яъне мо бештар осори бузургони мардуми дигарро бояд тарҷума кунем, дастрас кунем. Чунон кунем, ки навҷавонон тасаллут ҳам ба забони модарии мо ва ҳам ба забонҳои пешрафтаи дунё дошта бошанд. Яъне ягона роҳи пешбурди ин ҷомеа, роҳи пайванду тавҳиди ҷомеаи Тоҷикистон ва хосса миллати тоҷик дар пайванд бо забони модарӣ боло бурдани маърифат, маориф ва ирфону хирад аст.

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгар:

- Забони модарӣ наметавонад омили муттаҳидии миллат шавад, зеро миллат аз мардумони гуногунзабон ташкил ёфта, ки ҳар кадоме забони модарии худро дорад. Манзур аз миллат «ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

Ончи метавонад миллатро муттаҳид кунад, забони расмӣ аст, ки давлат барои коргузории ниҳодҳои худ ва хидматрасонӣ ба миллат, яъне шаҳрвандон, ба кор мегирад. Чунин забоне дар Тоҷикистон забони форсии тоҷикӣ аст. Онро бояд дар саросари кишвар аз кӯдакистону мактабҳо то донишгоҳу фарҳангистонҳо омӯзиш диҳанд.

Ҳаргоҳ, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон дорои як забони умумӣ шуданд, ҳам худашон як миллат мешаванд ва ҳам забонашон миллӣ мешавад. Забони миллӣ яке аз омилҳои ташаккули миллат аст.

Гулрухсор Сафӣ, шоира:

- Посухи ман хеле кӯтоҳ аст, ки бо ҳамин забони модарии худат босаводу босалиқаву бо ҳамон забони Рӯдакӣ гап занӣ, ҳама муттаҳид мешавад.

Ин забон забоне нест, ки мо дар бораи он гап занему ғам хӯрем. Ҳазору яктои моро гӯр кардааст ин забон. Ва ҳоло ин забон ҳаст.

Дирӯз бо Қодири Рустам суҳбат кардам, се байт аз Устод Рӯдакӣ ёфтааст. Ман ҳамчун сабкшинос яқин медонам, ки аз Устод Рӯдакӣ аст. Дар ҳамон ҷо як вожаи “пичча” ҳаст, ки ин дар қишлоқи ман ҳам истифода мешавад. Дуои бадтарин “сиёҳпичча” аст, барои бачаҳо “ҷувонимарг”.

Ин забон он қадар умри дарозу тӯлонӣ дорад, ки ба ҳимояи мову Шумо ниёз надорад. Мо фақат бояд ҳамин забонро, ки мисли оби чашмаҳои кӯҳистон пок аст, ҳамин хел пок нигоҳ дорем. Ба ҳамин забон суҳбат кунем, ба ҳамин забон ошиқона ишқ варзем, шеър хонем, саломуалейк кунем, якдигарамонро дӯст дорем. Ин забонро ҷудо кардан ва дар борааш гап задан кори хандаовар аст.

Маро мегӯянд, ки ин забон форсӣ аст, ё тоҷикӣ аст, ё дарӣ аст? Гуфтам, ки ин забон ҳамин забони модари ман асту забони Рӯдакӣ, ман дигар забонро намедонам.

Сайфиддин Назарзода, собиқ раиси кумитаи истилоҳот:

- Забони тоҷикӣ худаш хусусияти ваҳдатофарӣ дорад. Забони тоҷикиро нағз ёд бигиранд, ба воситаи забони тоҷикӣ панду насиҳатҳои бузургонро хуб ёд бигиранд. Худи забони модарӣ мардумро муттаҳид мекунад,зеро як забон ҳама гап мезанад.

Ҳар чӣ ном кунем, он забони модарии мову шумост. Форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ ҳамааш як забон аст. Ин баҳси бебунёд аст, баҳси ғайриилмист. Ин баҳси шахсонест, ки мехоҳанд ягон суд баранд. Дар мо забони тоҷикӣ мегӯянд, дар Афғонистон дарӣ гуфта истодаанд, дар Эрон забони форсӣ. Ҳар се як гунаи як забони умумист. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.