Имрӯз дар ҷаласаи навбатии кории аъзои иттиҳодияи Шарикии “Бемории силро дар Тоҷикистон бозмедорем” овозхони шинохта Нозияи Кароматулло ва ҳунарпеша Ҷамшед Ҳалимов изҳор доштанд, ки мубориза бо бемории силро дастгирӣ мекунанд.

“Орзу дорам, ки назари мо ба беморри сил ва муолиҷаи он тағйир пазирад, - иброз дошт Нозия. - Хостори онам, ки доғгузории шахсони гирифтори ин беморӣ дар гузашта монад. Бигзор номуси асили тоҷикии мо омили барканорӣ аз он шавад”.

Ҳунарпеша Ҷамшед Ҳалимов дар навбати худ пешниҳод кард, ки бо иштироки шахсони эҷодкор дар ноҳия ва деҳаҳои дурдаст иқдомҳо гузаронида шаванд.

Asia-Plus

“Маҳз дар ҳамин ҷойҳо одамон бештар ба беморӣ мубтало шуда, саривақт кумак гирифта наметавонанд. Ғайр аз ин, сил бемориии табобатшаванда буда, бар асари он набояд худро аз шахс канор гирифт”, - афзуд ӯ.

Иштирокдорони ҷаласа – намояндагони Маркази мубориза бо бемории сил, Вазорати тандурустӣ, дигар муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ, фаъолон – мушкилоти рӯзмарраи мубориза бо ин бемории сироятиро баррасӣ карданд.

Мушовири иттиҳодияи Шарикии “Бемории силро дар Тоҷикистон бозмедорем”  Маърифат Абдуллоева қайд кард, ки дар шароити камшавии маблағгузорӣ аз ҷониби сарпарастон барои мубориза бо бемории сил захираҳои нав дарёфтан зарур аст. Яке аз ин воситаҳо, ба гуфтаи ӯ, роҳандозии механизми фармоиши иҷтимоӣ аз ҷониби давлат мебошад, ки ба қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони дар вазъи душвори зиндагӣ қарордошта ба хизматгузориҳои иҷтимоӣ, беҳбуди дастрасӣ ва сифати ин хизматрасониҳо равона шудааст.

Ҳамчунин дар ҷаласа рӯзноманигор ва фаъолзан Шаҳноза Комилзода гурӯҳи “Қаҳрамонони мо: Нест бод сил”-ро муаррифӣ кард, ки ба ҳайати он сароянда Шабнами Сурайё, ҳаҷвнигор Бахтиёр Раҳимов (Ғарибшо), шоир Хайрандеш, ситораҳои олами варзиш Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва дигарон шомиланд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.