Ҳиссаи аҳолии камбизоати Тоҷикистон аз 29,5% дар соли 2017 то 27,4% дар соли 2018 коҳиш ёфт.

Дар гузориши рӯзи 9-уми октябр нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Муҳоҷират ва бурунрафти мағзҳо” қайд мешавад, ки ин ба барқарор шудани интиқоли маблағ ва боло рафтани музди меҳнат вобаста аст.

Ҳамчунин коҳиши бемайлони камбизоатии сатҳи пасттарин дар муддати панҷ соли охир – аз 18% дар соли 2013 то 12% дар соли 2018 қайд мешавад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки камбизоатӣ дар деҳот ба таври қобили мулоҳиза – аз 36% дар соли 2014 то 30,2% дар соли 2018 коҳиш ёфтааст. Камбизоатӣ дар шаҳр нисбатан камтар – аз 24% дар соли 2015 то 21,5% дар соли 2018 ба қайд гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз қариб 4,2 млрд. доллар дар соли 2014 то ба 1,9 млрд. доллар дар соли 2016 кам шуд. Аммо давоми ду соли минбаъда он боз афзоиш ёфта, дар соли 2017 – 2 млрд. 536 млн. ва дар соли 2018 – 2 млрд. 553 млн. долларро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омор, музди миёнаи меҳнат аз 1112 сомонӣ дар моҳи январи соли 2018 то ба 1466 сомонӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ боло рафт.

Соли гузашта иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ ҳисобу китоб карда буданд, ки 50%-и аҳолии кишвари мо ҳадди ақал муддати се моҳ дар як сол дар ҳолати камбизоатии ҳадди поинтарин қарор мегиранд.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.