Як сол пеш қариб дар ҳамаи автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе низоми пардохти роҳкиро тариқи ғайринақдӣ ҷорӣ шуд. Ахиран мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҷӯриҳо дар кори терминалҳо ва ҷой доштани мушкилоти дигар зимни истифодаи City Card шикоят мекунанд.

Мушкилоти истифодаи кортҳо

Ҳафтаи гузашта дар гурӯҳи фейсбукии «Мо-Тоҷикистониён» оид ба ин масъала баҳс ҷараён гирифта, як зан навишт, ки барои пур кардани тавозуни City Card дар се терминали Express Pay ба мушкилӣ дучор шудааст, зеро дастгоҳҳо кортро қабул накардаанд.

Дигар корбарони шабака дар пайи ин навишта аз мушкилоти ҳамсон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки дар дигар мавзеъҳои шаҳр низ (Корвон, Садбарг) аҳвол ҳамин хел аст.

Посухи ширкат омода мешавад

Ҷомӣ Шарифов, роҳбари лоиҳаи City Card ба “Азия-Плюс” гуфт: “Мо аз ин навиштаҳои корбарони Facebook огоҳ буда, мехоҳем дар саҳифаи фейсбукии худ расман ба онҳо посух диҳем. Ҳамаи мушкилот дар Маркази идоракунӣ зуд маълум шуда, кормандон ба бартараф кардани он мекӯшанд”.

Ба гуфтаи Шарифов, дар қаламрави шаҳри Душанбе беш аз 450 терминал фаъол аст.

Asia-Plus

“Дар 256-тои он сокинони шаҳр тавозуни кортро пур карда, дар 150 терминал мусофирон корт харида метавонанд. Ба ҷуз истгоҳҳо, терминалҳои Express Pay дар боғу хиёбон ва наздикиҳои хонаҳои истиқоматӣ насб шудаанд”, - қайд кард ӯ.

Чанде қабл мо дар бораи харидорӣ ва тарзи дурусти истифодаи кортҳои нақлиётии City Сard мавод таҳия карда будем. Бо ин суроға ба саволҳои худ дар ин хусус посух дарёфт карда метавонед.

Дар бораи City Card

Лоиҳаи «Низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарии автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бар асоси механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ мешавад.

Татбиқи лоиҳа 1-уми марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1-уми апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва истифода мекунанд.

Корти пластикии нақлиётии City Card 10 сомонӣ арзиш дошта, 4 сомонии он нархи кортро ташкил медиҳад ва 6 сомонӣ дар ҳисоби мусофир боқӣ мемонад. Бо қарори раиси пойтахт, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо мехаранд, барои 15% тахфиф дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон зиёда аз 342 ҳазор нафар аз корти пластикии нақлиётӣ истифода мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.