Дар асоси пешниҳоди раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рамзи ҷашнии ин чорабиниро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шудаааст. Дар ду тарафи он номи «Саразм» ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ навиштаву дар поёни он «5500» бо рақам нишон дода шудааст.


Гуфта мешавад, бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад.

Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз гил сохта шудаанд, насб гардидааст. Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа бо санъати волои заргарӣ сохта шуда, рамзи Офтобро ифода мекунад.

Ҳалқаи гирди сабз ишора ба осмони кабуду беғубор буда, фазои осоиштаву сулҳу суботро таҷассум месозад. Дувоздаҳ бурҷи ин бозёфт агар таъкид ба дувоздаҳ бурҷи фалак ва ё дувоздаҳ моҳи сол бошад, ба шакли секунҷа овардани он рамзи нурҳои хуршеди ҳаётбахш аст.

Парастиши офтоб аз ҷумлаи боварҳои ориёиён бар пирӯзии нур бар зулмот буда, мазмуни эҳёшавии Замин-модарро ифода месозад.

Тадқиқоти бардавоми бостоншиносони ҷаҳон дар ёдгории Саразм собит сохтааст, ки яке аз оинҳои ориёиён, аз ҷумла, аҳли Саразм эътиқод ба Хуршед-Офтоб-Меҳр будааст.

Ишора ва аломатҳои дигари ин рамз баёнгари бостонию таърихӣ будани Саразм мебошад.

Рамзи мазкур аз ҷониби иттифоқҳои рассомон ва дизайнерон омода шуда, бо иштироки мутахассисони Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг дар бахши ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.