Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон Синамобазми байнулмилалии филмҳои мустанади “Дидор-2019” оғоз шуд. 

Ба ин синамобазм наздики 200 филм пешниҳод гардида, аз онҳо 57 филми мустанад интихоб шудааст. Давомнокии онҳо гуногун аст. 15 филм дар доираи озмуни байнулмилалӣ, 8 филм дар озмуни коргардонҳои филмҳои мустанади тоҷик ва боз 11 филм чун намунаи синамои мустанади муаллифии ҷаҳон намоиш дода мешаванд.

Дар синамобазми “Дидор-2019” ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, коргардонҳо аз Озарбойҷон, Афғонистон, Бритониёи Кабир, Ҳоланд, Олмон, Исроил, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, ИМА, Ӯзбекистон, Фаронса ва Чехия иштирок доранд.

Ба ҳайати доварони байнулмилалӣ наворбардор-басаҳнагузорандаи маъруф, коргардони филмҳои мустанад аз Тоҷикистон Георгий Дзалаев, доктори ҳунаршиносӣ, коршиносу мунаққиди синамо аз Қазоқистон Гулнора Абикеева ва сарвари иҷроияи ширкати “IRIB MEDIA” аз Эрон Алиризо Шоҳрухӣ шомиланд.

Кадом филмҳо намоиш дода мешаванд?

Намоиши филмҳо ҳамарӯза то 20-уми октябр дар толорҳои хурд ва калони кинотеатри “Зебуннисо” аз соати 10:00 то 18:00 баргузор мешавад. Ҳар рӯз намоиши 5 филм бо барномаҳои озмунӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин ҳамарӯза дар толори конфронс бо коргардонҳои филмҳои иштирокдори синамобазм вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Барномаи филмҳои иштирокдори синамобазми “Дидор-2019” дар торнамои расмии ин фестивали байнулмилалӣ didoriff.tj дастрас аст.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.