Мусоҳибаи хабарнигори Asia-Plus бо ҳунарпешаи номдори театр ва синамои тоҷик Қурбони Собир замоне иттифоқ афтод, ки ӯ дар ҷашнвораи байнулмилалии театрии ART-ОРДО соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” гардид. Аслан, барои шодбоши соҳибҷоиза рафта будем ва мехостем атрофи ин дастовард суҳбат кунем. Аммо ӯ аз дарду алами худу ҳампешагону шогирдонаш гуфта, вазъи фарҳангу ҳунар ва театру синаморо баррасӣ кард. Ин мусоҳибаро дар 90-умин солгарди синамои тоҷик нашр мекунем.

- Ҷоизаи ART-ОРДО дар Қирғизистон ба хотири бузургии Фирдавсӣ тақдим шуд ё нақши Қурбони Собир?

- Агар танҳо бузургии Фирдавсиро арҷ мегузоштанд, унвонро дар фестивали театрии “Парасту – 2019” медоданд. Вале ин унвонро надоданд, ҳарчанд шоҳҷоизаи фестивали “Парасту – 2019” насиби намоиши “Фирдавсӣ”-и театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуд. Берун аз кишвари мо хелеҳо буданд, ки номи Фирдавсиро бори аввал мешуниданд. Агар онҳо касеро арҷ мегузоштанд, қаҳрамони худ Темурлангро мегузоштанд, ки намоиши он низ дар фестивал буд. Доварон костагие дар ҳунари мо медиданд, ҳаргиз ин унвонро намедоданд. Онҳо хеле ҳирфаӣ, камтаринашон доктори илмҳои фарҳангшиносӣ ва коргардонҳои шинохта буданд.

Дар ҳайати доварон намояндагони кишварҳои туркзабони Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон буданд, ба ҷуз Тоҷикистон. Хушбахтона, касе набуд, ки моро дифоъ кунад ва баъд бо миннат гӯяд, ки мо Фирдавсиро ҷоиза додем. Моро доварони бегона дифоъ карданд, ки ин боиси ифтихор аст.

Дар ҷашнвора мо аз 20 намоиш натавонистем 4-тои онро бубинем. Фикр мекунам, соҳиби ин унвон шудани банда комилан ҳаққу ҳалол аст. Вақте барои супоридани ҷоиза номи маро гирифтанд, толор мисле ки таркид: мардум каф мекӯфтанд, ҳуштак мекашиданд. Агар ноҳақ чизе баҳогузорӣ шавад, аз вокуниши толор маълум мешавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум бо таъкид ишора мекарданд, ки ҷоиза барои нақши Фирдавсӣ хеле гаронарзиш аст. 

- Сабаб чӣ буд, ки дар фестивали ҷумҳуриявии “Парасту – 2019” соҳиби ин унвон нашудед?

- Мутаассифона, дар ҷашнвораҳои театрии мо барои озурда накардани ҳунармандон ва иштирокдорон ҷоизаҳоро байни онҳо тақсим мекунанд. Ин шояд ба он вобаста бошад, ки намоиши “Фирдавсӣ” соҳиби шоҳҷоизаи фестивал гардид.

Ман ба кори доварон мувофиқ нестам, вақте як намоиш соҳиби шоҳҷоиза мешавад, барои хиҷолатзада накардани иштирокчдорони дигари озмун, ҷоизаҳои боқимондаро ба онҳо медиҳанд. Ин ноҳақист!

Бубинед, вақте дар Ҳолливуд як филм шоҳҷоизаро соҳиб мешавад, аз 7 то 12 ҷоизаи дигарро низ ҳамон филм мегирад. Агар амиқ нигоҳ кунем, дар фестивали “Парасту – 2019” намоише набуд, ки баробари “Фирдавсӣ” бошад. Агар касе бо ман розӣ нест, биёяд, бо ӯ баҳс хоҳам кард.


- Ба фикратон, нақши Фирдавсиро хуб иҷро кардед?

- Аслан, номи худро дар муқобили номи Фирдавсӣ гузоштан гуноҳ аст. Аммо чӣ кунем, ки ҳунар ҳамин гуна рисолат дорад. Лаҳзае мешавад, ки дар саҳна нақши Хайём, Наполеон, Фирдавсӣ ё ягон нафари дигарро меофарӣ. Ба дунёи Фирдавсӣ банда то куҷо тамошобинро ворид карда тавонистам ва аз иҷрои он ба хубӣ баромадам ё не, инро бояд аз бинанда пурсид. Он гирифторӣ, гуруснагӣ, азоб ва заҳмати 33-солаи Фирдавсиро ба бинанда дода тавонистам ё не, бояд худашон баҳо диҳанд.

Мо бо Фирдавсӣ шабоҳате дорем, ки инро хонумдоваре аз кишвари Озарбойҷон, доктори илмҳои фарҳангшиносӣ дар фестивали ART-ОРДО зикр кард: “Намедонам, коргардон инро дар назар дошт ё не, вале дар фарҷоми намоиш ҳангоми ҳаҷви ба Султон Маҳмуд навиштаи Фирдавсиро хондан, қиёфаи ҳунарманд дар куҷое ба ҳайкали дар Теҳрон гузоштаи Фирдавсӣ монанд шуд. Ба фикрам, зеботар аз он буд”.

Ӯ вақте маро бе риш дид, гуфт: “Шумо дар нақши Фирдавсӣ зеботар будаед, аз он ки дар зиндагӣ”. Ҳатто дар фарҷоми фестивал омада бинии маро дид, ки аз худам аст ё Фирдавсӣ.

Нақшеро офаридам, ки бароям ифтихори бузург аст. Маро дар кӯчаҳо бо номҳои гуногун мешиносанд: Шоҳназар, Фаридун, Юсуф ва ғайра. Пас аз намоиши Фирдавсӣ ба нишасте, ки шоирон ҳузур доштанд, нохост рафтам. Гуфтам: “Салом алайкум”. Чор-панҷ нафар дастонашон боло шуд ва гуфтанд: “Устод Фирдавсӣ, хуш омадед!”

Asia-Plus

- Намоиши Фирдавсӣ театри замони муосири тоҷикро такони ҷиддие дод, ки бинандагон такроран ба тамошои он мераванд. Барои чӣ ба дигар намоишҳо намераванд?

- Ҳар нафаре, ки такроран барои дидани намоиш меояд, эҳтимол эҷодкор аст. Азияти эҷодкорро аз канор дидану фаҳмидан ва худатро дар масири ин кор тасаввур кардан барояш ҷолиб аст. Агар бинанда аз намоиш акси садо наёбад, толорро тарк мекунад, куҷо расад ба такроран дидани он. Вақте саҳнаеро мебинӣ, ки он ҷо “фалш” камтар ва намоиш одиву самимист, он туро ба худ мекашад. Бовар кунед, мешавад касеро пайдо кард, ки мегӯяд: “Ман намоиши мазкурро ҳеҷ қабул карда натавонистам”. Аммо намоише, ки ба Шумо маъқул намешаваду аз он баромада меравед, ба ӯ писанд меояд. Табъи инсонҳо гуногун аст. Боз ҳастанд нафароне, ки намоиш ва муҳтавои он барояшон фарқе надорад, онҳо баҳри дидани ҳунарманди дӯстдоштаи худ меоянд. Агар аз қабили намоиши Фирдавсӣ мо садто медоштем, тамошобини зиёдро ба театр меовардем, вале афсӯс, ки якто дорем. Мутаассифона, намоишҳои сатҳию рӯзмарра, ки ҳадафашон хеле кам аст, дили бинандаро аз театр сард мекунанд.

- Чӣ бояд кард, то тамошобинро ба театр баргардонем?

- То замоне, ки Душанбе шаҳр шавад, он як деҳе буд. Ин шаҳр ҳудуди 60-70 сол як зумраи театриҳоро тарбия кард. Чаро театрҳоямон пури тамошобин буд? Чун онҳо тарбия ёфта буданд. Ман ёдам ҳаст, аз кадом гӯшаи кишвар меомаданд ва барои намоиши “Юсуфи гумгашта” билет мехариданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуду 80 дарсади шахсони тарбияёфта аз шаҳр рафтанд. Ба шаҳр одамони нав ворид шуданд. Боз 70 соли дигар лозим аст, то ҳукумат, зиёиён, ҳунармандон ва рӯзноманигорон ин сокинони воридшударо тарбия кунанд.

Аслан, он нафароне, ки аз минбарҳои баланд мегӯянд: “Касе театр намеравад, чӣ бояд кард?” худашон боре ба театр наомадаанд. Ҳоли фарҳанг дар кишвар хеле хароб аст. Иттифоқи нависандагон ба як ташкилоте табдил шудааст, ки дар зоҳир вуҷуд дораду бас. Агар гӯянд: “Театр дар Тоҷикистон тамом шудааст”, вале он дар ҷаҳон тамом нашудааст. Дар дунё ҳарфи аввалро театр мегӯяд. Дар Тоҷикистон театр ҳеҷ гоҳ намемирад, инро ба ҳайси як омӯзгор мегӯям. То замоне, ки шогирдони ман зиндаанд, театр дар Тоҷикистон намемирад. Боз муаллимони забардасти дигаре ҳастанд, ки шогирдони зиёд доранд.

Барзу Абдураззоқов ва Қурбони Собир

- Театри тоҷик аз театри кишварҳои дигар чӣ фарқ дорад?

- Театр дар дунё гардишҳое кардааст, ки мо ҳоло хабар надорем. Хеле ақиб мондаем. Масалан, вақте дар ҷашнвораи байнулмилалии “Наврӯз” намоиши “Юсуфи гумгашта”-ро иҷро мекардем, Осиёи Миёна дар хоби ҳафтуми кирми пилла буд. Фаррухи Қосим он солҳо дар олами театрӣ чунин гардише ба вуҷуд оварда буд, ки ҳамсояҳои мо хоб буданд. Намоишҳои онҳо хеле хандаовар буд. Мо рашки театрҳои Осиёи Миёна будем.

Акнун бадбахтӣ дар ин аст, ки ҳамсояҳо хеле пеш рафтанд ва мо дар хоби ҳафтуми пилла мондем. Он роҳе, ки устодони мо нишон доданд, ҳамсояҳо тай мекунанд. Мо ба ҷуз “маршировка” дигар коре надорем. Фестивалҳои театриамон хеле бад мегузарад. Намоиши театрҳои музофотии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз намоиши театрҳои пойтахти мо болотаранд.

Дар фестивали ART-ОРДО як ҳунарманди қазоқ гуфт: “Мо дар қабули раисҷумҳур будем, маоши ҳунармандони одии театри Қазоқистонро 700 доллар кардем”. Маоши моҳонаи онҳоро ҳунармандони мо дар як сол ҳам гирифта наметавонанд. Албатта, онҳо пеш мераванд.

Мутаассифона, ҳунармандони хуби мо ба Русия рафта, ҳамчун “гастарбайтер” кор мекунанд. Имрӯз дар театр аксари ҳунармандони ҷавони мо “брак” ҳастанд.

Танҳо бо андешидани мо чизе тағйир намеёбад. Вазорати фарҳанг набояд танҳо ҷашнвораҳои ҳукуматиро барпо намояд. Бояд нафаре бошад дар ин мамлакат, ки ин мушкилотро эҳсос кунад. Кӣ бояд ин мушкилиҳоро андеша кунад? Ман? Аз дастам чизе намеояд. Ҳақиқат талх аст! Доимо ба шогирдонам таъкид мекунам, ки лабро зери дандон карда, тоқат кунед ва ин ҳунарро хор накунед.

Қурбони Собир дар нақши Абулқосим Фирдавсӣ

- Аз дунёи як ҳунарманди одии театр бигӯед...

- Намехоҳам аз дунёи худ бигӯям, чун хушбахтона, бозори талаботи ман хеле гарм аст. Аммо дилам месӯзад ба ҷавоне, ки бояд баъд аз 20-30 соли дигар табдил шавад ба Қурбони Собир.

Дар оғози кор бояд хона ва пушти боқувват дошта бошӣ. Баъд аз анҷоми кор куҷо рафтанатро донӣ. Масалан, Хуршед Мустафоев, Суҳроб Ҷанҷолов, Мавлона Наҷмиддинова то ҳол хона надоранд. Онҳо дар ҳунар ҷойи худро ёфтаанд, вале кай соҳиби хонаю дар мешаванд? Бо маоше, ки онҳо мегиранд, агар бимиранду боз ду бори дигар зинда шаванд, соҳиби хона шуда наметавонанд.

- Аз шогирдони насли нави худ ризо ҳастед?

- Бале. Ҷоизаҳои охири соҳаи синамо, ки аз фестивалу анҷуманҳои байнулмилалӣ оварда шуд, шогирдони насли нави ман оварданд. Филми “Такси” худ соҳиби се-чор ҷоизаи байнулмилалӣ шуд. Коргардони он ҳоло барои таҳияи филми наве машғул аст, ки умед дорам, хеле диданӣ мешавад. Дар олами театрӣ бачаҳои Конибодом Хушнуди Додо, Фарҳод Ғаффорпур, Муҳиддини Музаффар, Ғайрат ва дигарон бо намоиши “Марги судхӯр”-и худ қиём карданд. Ман умед дорам, инҳо асло намегузоранд, ки дар кишварамон театр ва синамо хор шавад.

Қурбони Собир дар ҳалқаи шогирдону ҳамкорон

- Синамои тоҷик дар кадом сатҳ аст?

- Ман бурду бохт ва ақибмондагии синамои тоҷикро дар замон мебинам. Суръатеро, ки синамои тоҷик дар замони шӯравӣ дошт, агар ҷанги хонумонсӯз намешикаст, хеле пеш мерафтем.

Дар замони ҷанг коргардонҳои рақами 1-и мо аз Тоҷикистон рафтанд. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ синамои мо фаъолияти худро аз сифр шурӯъ кард.

Замони истиқлол бачаҳои ҷавон дар хориҷа хондаву таҷриба андӯхта, ҳамаро аз нав барқарор мекунанд. Бояд иқрор шавем, ки филмҳои беҳтарини имрӯзамон дар пояҳои хароби филмҳои замони шӯравист. Умедворам, бачаҳо дар фурсатҳои наздиктарин ба Тоҳир Собиров, Бахтиёр Худоназаров ва дигарон, ки номи “Тоҷикфилм”-ро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурданд, табдил хоҳанд шуд.

Қурбони Собир зимни суҳбат бо хабарнигори Asia-Plus Мусои Бобоҳоҷӣ
Asia-Plus

- Манзараи охири умри худро чӣ гуна дидан мехоҳед?

- Инсон бояд дар зиндагиаш хонаю дари обод, зану кӯдак ва каме обрӯ дошта бошад, ки хушбахтона, ҳамаашро соҳибам. Агар пагоҳ бимирам, нахоҳам гуфт, ҳайфо, ки мурдам. Ман қариб ҳама рисолатҳои инсониамро иҷро кардаам. То рӯзи охири умр намехоҳам, ки илҳом маро тарк кунад. Пеш аз он ки илҳом бимирад, бояд бимирам. Мехоҳам ҳар рӯз ошиқ бошам – ошиқи зиндагӣ, ошиқи Ватан.

Метарсам аз он рӯзе, ки мабодо девона шавам ва ақл маро тарк кунад. Орзу дорам, ки мурдаи маро аз бехи дарахт ё қади кӯча наёбанд. Мехоҳам мисли инсон бимирам. Орзу дорам, ки ҷони маро Худо бигирад, на он ки маро касе парронад, ё аз ҷое афтода, бимирам. Мехоҳам бо ифтихор бимирам.

Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Қурбони Собир бо иҷозати ӯ истифода шудаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.