Сайёҳи хориҷӣ муддати 6-12 рӯзи ҳузури худ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 800-1200 доллар сарф мекунад, ки аз нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ хеле паст аст. Дар ин бора зимни як назарсанҷӣ миёни ширкатҳои сайёҳӣ гуфта шудааст, ки он бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ доир гардид.

Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO), ҷаҳонгардони ҳавасманди саёҳати шавқовар дар миқёси олам давоми 8 рӯзи сафар ба ҳисоби миёна 3000 доллар харҷ мекунанд.

Бо вуҷуди наздикии бевосита ба Афғонистон, ширкатҳои сайёҳии пурсидашуда Тоҷикистонро макони амну бехатар барои боздид арзёбӣ кардаанд.

Натиҷаҳои назарпурсӣ гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон барои сайёҳон аз Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Чин ва Австралия торафт самти писандида мешавад, вале бешубҳа, кишвар барои қонеъ гардонидани талаботи доим афзоянда корҳои бештар анҷом дода метавонад.

Афзоиши талабот ба дастрасии маълумоти бештар оид ба Тоҷикистон ва умуман, Осиёи Марказӣ вобаста аст.

Қариб 50% ширкатҳои маҳаллии сайёҳӣ ва наздики 90% ширкатҳои сайёҳии байнулмилалӣ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон то ҳол аз имконоти сайёҳии худ ба таври пурра истифода накардааст.

“Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон ба ҷалби шумори зиёдтари сайёҳон ва ба даст овардани даромади бештар  аз касоне, ки айни замон ба кишвар меоянд, қодир аст”, - мегӯянд намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ.

Онҳо ба якчанд самтҳое ишора кардаанд, ки ба Тоҷикистон барои истифодаи беҳтари имконоти сайёҳӣ имкон медиҳанд.

Масалан, беҳбуди парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ, нигаҳдорӣ ва ободонии иншооти сайёҳӣ, содда кардани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, беҳтар кардани шароити будубош (бо шумули дастрасӣ ба нерӯи барқ, таъмини об ва мавҷудияти ҳоҷатхона), баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони бахши сайёҳӣ.

Назарсанҷӣ таҷрибаи ҳузури сайёҳон ва сайругашти онҳоро дар саросари Тоҷикистон фаро гирифта, зимнан ба ду минтақа – вилояти Хатлон ва ВМКБ, ки Лоиҳаи рушди иқтисоди деҳот ба онҳо равона шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

Назарпурсӣ бо мақсади таҳлили монеаҳо ва имконот баҳри рушди талаботу пешниҳодоти сайёҳӣ дар кишвар гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.