Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) рӯзи 17-уми октябр маросими рӯнамоии китоби “Знакомство с Таджикистаном” баргузор гардид, ки ахиран дар шаҳри Пекин чоп шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи КМТ, дар сарсухани китоб омада, ки аз соли 1992 Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботҳои дипломатӣ барқарор карда, аз он замон то кунун шарикони асосии стратегӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, равобити байни ду кишвар аз сол ба соли дигар рушд меёбад. Сафарҳои пайвастаи роҳбарони ду кишвар ба мамолики ҳамдигар, вазирону раисон, соҳибкорону тоҷирон, олимону суханварон ва ғайра яке аз омилҳои аслии таҳкими робитаҳо миёни ду кишвар мебошад.

Asia-Plus

Вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода навиштааст, ки Тоҷикистони муосир дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ мебошад. Мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, табиати биҳиштосо ва нодири ин кишвари офтобӣ далели ин гуфтаҳост. Илму адабиёти классикӣ ва замонавӣ гувоҳ аз маданияти баланди миллати тоҷик аст. Бо ташаббус ва дастгирии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ рушд карда, якчанд мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бадеӣ ба феҳристи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд.

Asia-Plus

Сайёҳи ба ин кишвари орзуҳо омада бевосита бо табиати зебову нодир, ҳунарҳои мардумӣ, урфу одатҳои қадима, санъати меъморию сохтмонии қадима ва замонавӣ, инчунин ғизоҳои миллӣ аз наздик шинос шуда, ба худ асрори ин фарҳанги куҳанро то ҷое кашф мекунад.

Дар рӯнамоии китоб зумрае аз донишмандон, пажӯҳишгарон, кормандони давлатӣ аз Тоҷикистон ва Чин ширкат доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.