Кӯчаи Истиқлол дар ноҳияи Рӯдакиро бе даҳону бинии пӯшида гузаштан амри маҳол аст. Дар ҳамаи ҷӯйборҳо ба ҷойи об ифлосиҳо аз шабакаи обу корез равон аст.

Ба қавли сокинонии хонаҳои баландошёнаи кӯча, онҳо 20 сол инҷониб дар ин ҷо иқомат доранд. Аввали солҳои 2000-ум пойгоҳҳои обкашӣ дуздида шуда, партовҳо бо ҷараёни худ равон шуданд.

Баъзан аз сабаби ноқисии қубурҳо наҷосат ба ҷӯйборҳо баромада, сипас ҳамроҳи об ба дарёи Кофарниҳон ҷорӣ мешавад.

“Ин ҷо хеле бадбӯй ва барои саломатӣ хатарнок аст. Кӯдакони мо тез-тез ба бемории зарпарвину домана гирифтор мешаванд. Набераам ба ҷӯйбор афтода буд, 10 рӯз дар бемористон узвҳои дохилиашро тоза карданд”, - мегӯяд сокини маҳаллӣ Мавҷигул Ёрмамадова.

Барои таъмиру навсозии қубурҳо маблағи зиёд лозим буда, сокинон дар ин кор аз ҳукуматдорони маҳаллӣ кумак мехоҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.