Намоиши “Қорӣ-Ишкамба”-и театри давлатии драмаи мусиқии шаҳри Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова дар VI-умин Ҷашнвораи байнулмилалии театрии “Северные встречи” сазовори ҷоизаи “Беҳтарин инъикоси анъанаҳои театри миллӣ” гардид.

Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи театри мазкур Фарҳод Ғаффорпур хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳакамон намоишҳоро аз рӯйи якчанд номинатсияҳо баҳогузорӣ намуда, ҳунарпешагони тоҷикро “ситораҳои фестивал” унвон карданд.

“Чаҳор коршинос намоиши моро хуб таҳлил карда, ба он баҳои баланд доданд. Ин намоише буд, ки мунаққидони театр, коршиносон ва бинандагони одӣ аз тамошои он розӣ буданд. Дар ин фестивал ҳамчунин маҳсули эҷоди театрҳои русиягӣ ва хориҷӣ низ пешниҳод шуданд. Аз ҳама баҳои баланд насиби театри шаҳри Конибодом шуд. Моро “ситораҳои фестивал” ва “бачаҳои Тоҷикистонӣ” номиданд”, - мегӯяд Фарҳод Ғаффорпур.

Ҷашнвораи мазкур бо сарпарастии ЮНЕСКО рӯзҳои 24-27 октябр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд. Дар давоми чаҳор рӯз 11 намоиш аз Тоҷикистон, Фаронса, Ҳиндустон ва минтақаҳои гуногуни Русия пешкаши бинандагону ҳакамон гардид.

Эҷодкорони театри Конибодом бо роҳбарии Ғайрат Қодиров ба ин ҷашновра намоиши “Қорӣ Ишкамба”-ро бурданд. Он аз рӯйи асари Садриддин Айнӣ “Марги судхӯр” ба саҳна гузошта шуда, коргардонаш Муҳиддин Музаффар аст.

1/9

Қобили зикр аст, ки ин намоиш дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” соҳиби ҷойи аввал гардида буд. Дар хориҷ аз кишвар бори аввал ин намоиш дар ҳамоиши театрҳои хиёбонӣ дар Қирғизистон иштирок кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.